
Бахшида ба 12 феврал – Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, Прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Дар-Дар ҳамоиши муҳими фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки пешгирии экстремизми хушунатомез яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, танҳо дар ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Сипас, сухан ба Прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода дода шуд.
Саидҷамол Ҷалолзода дар баромади худ таъкид намуд, ки экстремизми хушунатомез ва терроризм аз хатарноктарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд. Ӯ мафҳуми терроризм ва ифротгароии диниро шарҳ дода, зикр кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз идеологияи иғвоангез кӯшиш мекунанд тафаккури ҷавононро заҳролуд намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои асосии чунин гурӯҳҳо хусусияти идеологӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта, онҳо ба арзишҳои аслии динӣ, фарҳанг, сулҳ ва таҳаммулпазирӣ эҳтиром намегузоранд. Аслиҳаи асосии ифротгароён, пеш аз ҳама, идеологияи ғалат мебошад.
Зикр гардид, ки 18 ташкилот аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташон манъ гардидааст. Ҳамчунин дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф шуда, ба манфиатҳои миллӣ хиёнат кардааст, маълумоти мушаххас дода шуд.
Прокурори ноҳия таъкид намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озоди динӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Агар дар давраи шӯравӣ ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба зиёда аз 4000 расидааст. Дар баробари ин, калисоҳо ва дигар ибодатгоҳҳои намояндагони миллату дину мазҳабҳои гуногун низ озодона фаъолият менамоянд, ки ин далели сиёсати оқилонаи давлат дар самти озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мебошад.
Дар идома масъалаи шомилшавии баъзе ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва сиёсӣ омили асосии пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, он нафароне, ки аз кирдорҳои худ пушаймон шуда, аз ақидаҳои ифротӣ даст мекашанд, мавриди бахшиш қарор гирифта, барои бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ ва арзишҳои миллӣ мусоидат карда мешавад.
Дар ҳамоиш инчунин Раиси Шӯрои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар “Ҳамкории ҷомеа бо милитсия” дар назди ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ Узбакой Каримова баромад намуда, экстремизми хушунатомезро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти давлат арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамкории зичи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии ин падида ниҳоят муҳим буда, нақши мактабу маориф, фарҳанг ва дигар сохторҳои дахлдор дар ин раванд калидӣ мебошад.
Ҳамчунин Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Нилуфар Муродзода баромад намуда, экстремизми хушунатомезро фалокати иҷтимоӣ номид. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, ҷавонон, занон ва оилаҳоро фиреб медиҳанд. Аз ин рӯ, фарқ кардани хубу бад, баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотӣ ва мубориза бо хурофот вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳ мебошад. Дар ин замина суханони Президенти мамлакат дар Паём ёдоварӣ шуд, ки «хурофот ҷаҳолат аст».
Дар сухани хотимавӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистонро ба роҳи ободонӣ ва рушди устувор раҳнамоӣ мекунад. Ӯ экстремизмро падидаи зиддифарҳангӣ ва зиддиободӣ номида, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳамаҷониба ва якҷоя амал намоянд.
Раиси ноҳия бо овардани мисолҳо аз таърих таъкид кард, ки миллати тоҷик миллати созанда аст. Ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳанӯз дар замони Куруши Кабир эълон гардида, бузургони миллати мо дар рушди фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Ӯ зикр намуд, ки Имоми Аъзам Абу Ҳанифа, ки тоҷикзабон буд, арзишҳои волои диниро ба ҷаҳони ислом муаррифӣ намудааст, аммо ифротгароён имрӯз ин арзишҳоро инкор мекунанд, зеро онҳо фарҳанг ва зебоиро қабул надоранд.
Зикр шуд, ки ноҳияи Айнӣ дар солҳои охир дар қиёс бо 35 соли пеш ба таври назаррас рушд кардааст ва тамоми дастовардҳо самараи сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи давлат мебошанд. Таъкид гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ низ натиҷаи барномаҳои тарҳрезишудаи қувваҳои ифротӣ буд ва имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳифзи фарҳанги миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои неки халқ мебошад.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки ҷомеа бояд танҳо ба роҳи ободонӣ, маърифат ва рушди тафаккури солим равона гардида, фарзандонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 22










