Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз муассисаҳои фарҳангӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар деҳаи Вешаб

Дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат ба аҳолӣ, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба деҳаи Вешаб сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, Раиси ноҳия аз рафти бунёди майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Вешаб боздид ба амал овард. Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои машғул гардидани наврасону ҷавонон ба варзиш яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Майдончаи варзишии нав ба рушди тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткориву дигар падидаҳои номатлуб ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти созанда мусоидат хоҳад кард.
Сипас, Раиси ноҳия аз фаъолияти муассисаҳои фарҳангии деҳа, аз ҷумла се китобхона дидан намуд. Аз ҷумла, Китобхонаи системаи марказонидашудаи №13-и деҳаи Вешаб, китобхонаи назди МТМУ №13 ва як китобхонаи хусусӣ, ки дар назди муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Зимни боздид ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо бо адабиёти бадеиву илмӣ, тарғиби мутолиа миёни наврасону ҷавонон, ташкили маҳфилҳои адабӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Таъкид гардид, ки китобхона ҳамчун маркази маърифат ва рушду такомули зеҳнии ҷомеа бояд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монад.
Дар идомаи сафар Раиси ноҳия бо фаъолон, пирони рӯзгордида, омӯзгорон ва сокинони деҳа мулоқот анҷом дода, муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат барномаи мукаммали рушди минбаъдаи кишвар буда, тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро мегирад.
Равшан Раҳимзода махсусан ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии экстремизм ва ифротгароӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Ба фаъолони деҳа, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, раиси кумитаи маҳал, роҳбарони хоҷагиҳо, имомхатиб ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки корҳои ободонӣ вусъат бахшида шуда, тарбияи маънавии ҷавонон тақвият ёбад, ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ беҳтар карда шавад ва дар расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба ҳар як оила саҳми фаъол гузоранд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси ноҳия изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ барои рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд. Сокинони деҳаи Вешаб низ омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии Ватан изҳор доштанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 26

Leave a Reply

Back to top button