Хабарҳои руз

Вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ бо сокинони деҳаи Утоғари Ҷамоати деҳоти Шамтуч

Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо сокинони деҳаи Утоғари Ҷамоати деҳоти Шамтуч вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот Раиси ноҳия нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид кард, ки ин санади муҳими сиёсӣ самтҳои афзалиятноки рушди кишварро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирии соҳибкорӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз мавзуъҳои меҳварии суханронӣ буданд.
Дар доираи сафар Раиси ноҳия аз Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №64 боздид намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат орост. Ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои методӣ, истифодаи технологияҳои муосири таълим, таҳкими интизоми дохилӣ ва омодасозии хонандагон ба донишандӯзии амиқ чораҳои зарурӣ андешанд. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил вазифаи муҳим мебошад.
Раиси ноҳия ҳамчунин мақсадҳои созандагиро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон расонида, изҳор дошт, ки то ҷашни умумимиллӣ роҳи байнидеҳавӣ пурра таъмиру таҷдид гардида, муассисаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад. Бунёди кабинетҳои фаннӣ, беҳтарсозии синфхонаҳо ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурии таълимӣ аз ҷумлаи тадбирҳои дарпешистода арзёбӣ гардиданд.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки бо назардошти дурнамои рушди деҳа, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, марказҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ва дигар иншооти муҳим барои хоҷагии халқ низ дар нақша қарор дошта, татбиқи онҳо марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Раиси ноҳия инчунин масъалаи васеъ ва беҳтар намудани роҳи деҳаро аз шоҳроҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ то дохили деҳа, аз ҷумла то мавзеи болои деҳа, ки дар онҷо зиёда аз 21 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд, муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки корҳои марбут ба беҳсозии роҳ ва таъмини равуои бемонеа таҳти назорати доимӣ қарор мегиранд. Ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами муассисаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.
Сокинони деҳа аз таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти мамлакат изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат иброз доштанд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ободонии ҳар як гӯшаи ноҳия тадбирҳои муассир меандешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 11

Leave a Reply

Back to top button