
Дар Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ вохӯрии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо сокинон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҷамъомад расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ба аҳолӣ ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар буд.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия зикр намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун санади муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ раҳнамо ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ӯ доир ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими корҳои ободонӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ андешаронӣ карда, сокинонро ба саҳмгузории фаъолона дар ободонии Ватан даъват намуд.
Равшан Раҳимзода ҳамчунин ба масъалаҳои истифодаи самараноки неруи барқ, риояи қонунҳои амалкунанда, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», тарбияи дурусти кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва хизмат ба Ватан–Модар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад.
Дар робита ба самтҳои аграрии Паёми Президент Раиси ноҳия махсусан ба истифодаи самараноки замин, азхудкунии заминҳои нав ва ворид намудани онҳо ба гардиши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ қайд кард, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳар як саҳмдор имконият дорад, ки аз замини худ мустақилона истифода бурда, манфиати онро барои таъмини рӯзгори оилааш равона созад. «Замин бояд дар дасти деҳқон бошад ва танҳо деҳқони асил метавонад онро дурусту самаранок истифода намояд», — изҳор дошт Раиси ноҳия.
Дар ин замина зиёд намудани майдони кишти картошка ҳамчун «нони дуюм» муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки картошка барои деҳқонон аз ҷиҳати иқтисодӣ сердаромад буда, имкони захира барои тамоми сол ва ба даст овардани фоидаи бештарро фароҳам меорад. Танҳо дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Тоҷикистон» имсол 65 гектар кишти картошка ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин пардохти саривақтии маблағҳои андоз, ҳаққи истифодаи обу барқ ва нигоҳдории техникаҳои кишоварзӣ вазифаи муҳим шумурда шуд.
Раиси ноҳия доир ба корҳои ободонӣ, азнавсозии боғҳои кӯҳна, ташкили боғҳои нав, таъмиру таҷдиди ҷӯйбору қубурҳои обтаъминкунӣ, роҳҳои байнидеҳавӣ сухан гуфт. Махсусан фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Тоҷикистон», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳия буда, деҳаҳои Утоғар, Вешаб, Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучро фаро мегирад, ҳамчун намунаи пешқадам арзёбӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз равандҳои калидии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди содироти маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст. Дар ин самт татбиқи барномаҳои давлатии миёнамуҳлати рушди кишвар нақши муҳим дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси ноҳия ташаббусҳои сокинонро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ барои амалӣ намудани пешниҳодҳои созанда ва ободонии диёр аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.
Дар фарҷом як қатор кишоварзон ва пиллапарварони фаъол бо Сипосномаи Раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 20










