Хабарҳои руз

Вусъати корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои амалии бунёдкорӣ рӯз ба рӯз тавсеа меёбанд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ дар Ҷамоати деҳоти Рарз бунёду навсозии як қатор иншооти иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Яке аз чунин иншооти муҳими соҳаи маориф — сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Фатмев мебошад, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ амалӣ мегардад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ аз иншооти мазкур боздид ба амал овард. Зимни боздид ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мавҷудаи таълимӣ аз соли 1966 инҷониб фаъолият дошта, бинои он якошёна буда, айни замон 410 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти ҷавобгӯ набудани шароити мавҷуда ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон, зарурати бунёди бинои нави таълимӣ ба миён омадааст.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қаблан дар мавзеи Дашти Мохаки деҳа бинои алоҳида барои синфҳои ибтидоӣ сохта шуда, он дар оғози соли таҳсили 2025 мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол бунёди бинои нави асосии МТМУ №11 идома дошта, тибқи иттилои масъулон, то имрӯз қариб 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нави таълимӣ то оғози соли нави хониши 2026, яъне дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра ба истифода дода мешавад. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки хонандагон дар шароити муосир, бо синфхонаҳои барҳаво ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Раиси ноҳияи Айнӣ дар назди муассиса бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдончаи варзишии замонавӣ ва дигар иншооти зарурии инфрасохторӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, рушди варзиш миёни наврасону ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ мусоидат менамоянд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки вусъати корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Рарз нишонаи равшани татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти ноҳия баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Сокинони ҷамоат низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ саҳми фаъолона гузошта, барои истиқболи сазовори ҷашни таърихии миллат омодагӣ мегиранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button