Хабарҳои руз

Мулоқоти Раиси ноҳияи Ноҳияи Айнӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Анзоб

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо сокинони деҳаҳои Анзоб, Марғеб ва Марзичи Ҷамоати деҳоти Анзоб мулоқот баргузор намуд.
Зимни баромад Раиси ноҳия таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро муайян намуда, барои таъмини пешрафти устувори кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад.
Қайд гардид, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Анзоб як қатор корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Анзоб назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мактаб-интернат барои фарогирии хонандагони водии Яғноб сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар деҳа таваллудхона, муассисаи томактабӣ ва хоҷагии моҳипарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Раиси ноҳия масъалаи таъмини амнияти озуқавориро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар шароити ноороми ҷаҳонӣ ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоӣ дошта бошад. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки замин, азхудкунии заминҳои нав ва ворид намудани онҳо ба гардиши кишоварзӣ, рушди картошкапарварӣ, ғалладонакорӣ, чорводорӣ, асалпарварӣ ва бунёди боғҳои нав вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
Дар ин замина ба фаъолияти Хоҷагии зотпарварии ба номи Аслиддинов Муллораҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зикр шуд, ки хоҷагӣ дорои 46 гектар замини обӣ ва 3400 гектар чарогоҳ буда, имкониятҳои васеи рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзиро дорост. Айни замон дар хоҷагӣ 56 сар қутос парвариш меёбад. Соли 2026 бунёди 2,5 гектар боғи нав ва кишти 28 гектар картошка ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии андоз, истифодаи рамзи ягонаи мушаххас дар низоми бонкӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси ноҳия ҳамчунин ба масъалаҳои тарбияи дурусти кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хизмат ба Ватан–Модар, инчунин пешгирии экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар робита ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ, азнавсозии боғҳои кӯҳна, ташкили боғҳои нав, таъмиру таҷдиди ҷӯйбору қубурҳои обтаъминкунӣ, инчунин беҳсозии роҳҳои байнидеҳавӣ бояд вусъат дода шаванд. Соли 2026 дар деҳаҳои Марғеб ва Марзич сохтмони як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла клубу китобхона, майдонча ва толори варзишӣ, инчунин иншооти соҳаи тандурустӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси ноҳия сокинонро ба меҳнати содиқона, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва саҳмгузории фаъолона дар ободонии Ватан даъват намуда, изҳор дошт, ки танҳо бо заҳмати ҳалол ва ҳисси баланди масъулият метавон сатҳи зиндагиро беҳтар ва давлатро боз ҳам неруманд гардонд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси ноҳия ташаббусҳои сокинонро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ барои амалӣ намудани пешниҳодҳои созанда ва ободонии диёр аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.
Дар фарҷом як қатор кишоварзон ва қутоспарварони фаъол бо Сипосномаи Раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 27

Leave a Reply

Back to top button