Хабарҳои руз

Фаъолияти коргоҳи дуредгарӣ дар деҳаи Анзоб

Дар деҳаи Анзоби Ҷамоати деҳоти Анзоб коргоҳи дуредгарии Сайфиддинов Фаслуддин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз марказҳои фаъоли ҳунармандӣ дар ҳудуди ноҳия табдил ёфтааст. Ин коргоҳи оилавӣ дар рушди иқтисоди маҳаллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузорад.
Коргоҳ асосан ба коркарди чӯб, кандакорӣ бо нақшу нигори миллӣ, сохтани дару тиреза, кату кати замонавӣ барои ҳавлӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор машғул мебошад. Ҳамзамон, мувофиқи дархости мизоҷон устоҳо корҳои сохтмониро бо тарҳи миллӣ дар ҳудуди ноҳияи ноҳияи Айнӣ анҷом медиҳанд.
Айни замон дар сех бародарон ва фарзандони оилаи ҳунарманд фаъолият намуда, барои идома ва такмили ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардидаанд. Ин иқдом барои аз насл ба насл интиқол додани таҷриба ва маҳорати касбӣ мусоидат мекунад. Тавре зимни боздид Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ҳунарҳои мардумӣ бояд пайваста омӯзонида шаванд ва ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз гарданд.
Ба гуфтаи роҳбари коргоҳ Фаслуддин Сайфиддинов, айни ҳол устоҳо ба васлу насби шифтҳои чӯбин машғуланд. Шифтҳо дар сех пурра омода гардида, баъдан ба манзили мизоҷон интиқол ва дар ҷойи муайяншуда насб карда мешаванд. Ин усул ҳам сифати корро баланд мебардорад ва ҳам вақти насбро кӯтоҳ менамояд.
Маҳсулоти коргоҳ бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳоди аҳолӣ гардида, талабот ба он мунтазам меафзояд. Бо ба роҳ мондани фаъолияти сех якчанд ҷавони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, имкони омӯзиши касб низ фароҳам омадааст. Ин раванд ба коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чунин ташаббусҳоро дастгирӣ намуда, барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ва ворид намудани таҷҳизоти муосир мусоидат хоҳанд кард.
Фаъолияти коргоҳи дуредгарии Сайфиддинов Фаслуддин намунаи равшани эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои маҳаллӣ буда, дар ободонии деҳа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа нақши муҳим дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 5

Leave a Reply

Back to top button