
Раиси ноҳияи ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни сафари корӣ дар деҳаи Анзоб ба аёдати собиқадори меҳнат, зани заҳматқарин ва шахсияти обрӯманд — Олимова Турсуной, ки ба синни мубораки 93 расидааст, ташриф овард.
Мавсуф солҳои тӯлонӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ҳамчун муовини раиси хоҷагии зотпарварии ба номи Аслиддинов Муллораҳим ва ҳамзамон вакили хоҷагӣ хизматҳои шоиста анҷом додааст. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро баҳри ободонии диёр, пешрафти соҳаи чорводорӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум сарф намудааст.
Раиси ноҳия зимни суҳбат таъкид намуд, ки Олимова Турсуной намунаи олии зани тоҷик, рамзи матонат, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба меҳнат мебошад. Маҳз бо заҳмати чунин шахсиятҳои фидокор пояҳои иқтисоди хоҷагии деҳот мустаҳкам гардида, наслҳои баъдӣ дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватандорӣ тарбия ёфтаанд.
Зикр гардид, ки хизматҳои чандинсолаи ӯ ҳамчун муовини раиси хоҷагӣ ва вакили мардумӣ саҳми арзанда дар рушди соҳа дошта, номи некаш миёни ҳамдеҳагон бо эҳтирому қадршиносӣ ёд мешавад.
Дар фарҷоми дидорбинӣ ба собиқадори меҳнат орзуи саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва дуои неки наслҳои ҷавон баён гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ














