Хабарҳои руз

Идомаи бунёдкориҳо дар деҳоти ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Анзоб корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ин тадбирҳо дар доираи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат роҳандозӣ гардида, ба беҳтар гардидани шароити зисти сокинон ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ равона шудаанд.
Дар ин замина, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти таъмиру таҷдиди бинои маъмурии ҷамоат боздид ба амал овард. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъкид гардид, ки ҳамаи тадбирҳо бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом дода шаванд.
Айни ҳол корҳои таъмирӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бомаром идома дошта, бино бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи меъмории замони нав аз навсозӣ мегардад. Таъмиру таҷдиди пурра, аз ҷумла навсозии утоқҳои корӣ, беҳсозии намои берунӣ, иваз намудани шабакаҳои барқиву гармидиҳӣ ва обрасонӣ, инчунин ободонии гирду атрофи бино дар назар дошта шудааст.
Раиси ноҳия ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки ободонии диёр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон ва қабули шаҳрвандон аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия низ идома дошта, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст хоҳанд шуд.
Сокинони ҷамоат аз тадбирҳои созандагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид медоранд, ки чунин корҳои ободонӣ ба зебо гардидани маҳал, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Бешубҳа, корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ намунаи равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти маҳаллӣ ба рушди устувори деҳот буда, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳити зисти сокинон боз ҳам беҳтар мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button