Хабарҳои руз

Маъракаи тозакорӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо супориши Раиси ноҳияи Айнӣ — Равшан Раҳимзода имрӯз дар ҳудуди ноҳия шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин иқдом кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони деҳот фаъолона иштирок намуда, шафати роҳҳои мошингард, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, роҳҳои Айнӣ-Панҷакент ва Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, инчунин атрофи корхонаю идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро тоза карданд.
Ҳамзамон, боғу гулгаштҳо, гирду атрофи дарахтон ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ ба тартиб дароварда шуданд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иншооти ҷашнӣ ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида шуда, маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил гардиданд.
Чунин иқдомҳо ба беҳдошти муҳити зист, зебову обод гардидани маҳал ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Ба иттилои масъулин, баргузории чунин маъракаҳои тозакорӣ минбаъд низ пайваста ба роҳ монда мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 76

Leave a Reply

Back to top button