
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода баргузор гардид. Қабул бо мақсади баррасии муроҷиатҳои сокинон, ҳалли саривақтии мушкилот ва тақвияти робитаи мустақими роҳбарият бо аҳолӣ доир шуд.
Дар ҷараёни қабул шаҳрвандон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти гуногуни ноҳия иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини замини наздиҳавлигӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ, бо ҷойи кор таъмин намудан, инчунин мусоидат дар самти сохтмон ва таъмири иншооти иҷтимоӣ дархосту пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Раиси ноҳия ҳар як муроҷиатро бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳар як масъала бояд дар муҳлати муқарраргардида ҳаллу фасл гардида, натиҷаи он ба муроҷиаткунандагон расонида шавад.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандон зикр шуд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардида, мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд барои татбиқи амалии ин ҳадафҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Қайд гардид, ки қабули шаҳрвандон яке аз шаклҳои муҳими муоширати мустақим бо аҳолӣ буда, ба таҳкими эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ қабули мунтазами шаҳрвандонро идома дода, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расонидани кӯмакҳои амалӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳад намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ



и ещё 17










