Хабарҳои руз

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими робитаи мустақим бо мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода баргузор гардид.
Дар ҷараёни қабул сокинон аз марказ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоӣ — аз ҷумла таъмини қитъаи замин, дастгирии иҷтимоӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъминоти барқ ва оби нӯшокӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра муроҷиат карданд.
Раиси ноҳия ҳар як муроҷиаткунандаро бодиққат шунида, ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати омӯзиш ва ҳалли саривақтии масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод. Зикр гардид, ки ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд дар доираи қонунгузории амалкунанда ва бо риояи принсипи адолат амалӣ карда шавад. Қисме аз масъалаҳо зимни қабул дар маҳал ҳал гардида, вобаста ба муроҷиатҳои дигар барои баррасии иловагӣ муҳлат ва масъулони мушаххас таъин карда шуданд.
Таъкид карда шуд, ки қабули мунтазами шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба шумор рафта, барои таҳкими эътимоди мардум ба ҳокимияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати баррасии одилона ва шаффофи муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҳамкории судманд бо аҳолиро тақвият мебахшад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button