Хабарҳои руз

Мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 декабри соли 2025 баён гардид, дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода мулоқоти судманд бо фаъолон ва кишоварзони Ҷамоати деҳоти Урметан баргузор шуд.
Раиси ноҳия нуктаҳои асосии Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва эҳтимоли маҳдуд гардидани воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷ, таъмини амнияти озуқавории кишвар вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонӣ ва худшиносии миллӣ арзёбӣ гардида, сокинон ба фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин даъват карда шуданд.
Раиси ноҳия сокинонро ба захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани буҷаи оилавӣ, худдорӣ аз маъракаҳои нолозим ва рушди чорводорӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки шароити ноҳияи кӯҳистонӣ барои парвариши чорво мусоид буда, бо доштани гову мол метавон оиларо бо гӯшт, шир, равған ва дигар маҳсулоти аввалия таъмин кард. Ҳамчунин, истифодаи самараноки боғҳо, консервабарорӣ ва омода намудани хушкмева ҳамчун роҳи таъмини амнияти озуқавории оила ва кишвар муҳим арзёбӣ шуд.
Дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ қайд гардид, ки ҷавонон бояд бештар ба фаъолияти кишоварзӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ рӯ оваранд. Бо ташкили корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ дар деҳот имкони таъсиси ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, замина барои пешрафти иқтисодӣ гузошта мешавад.
Ҳамзамон, вобаста ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободонӣ дар соли 2026, раиси ноҳия аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар бунёди иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ саҳми арзанда гузоранд. Зикр шуд, ки то 9 сентябр дар ҳудуди ноҳия 8 мактаби садамавӣ мавҷуд аст, ки 3 адади он ба Ҷамоати деҳоти Урметан рост меояд ва сохтмони онҳо дар назар аст. Инчунин, таъмири муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ дар ҳамкорӣ бо сокинон ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Лангар” мавриди таҳлил қарор гирифт. Хоҷагӣ дорои 15,8 гектар замини обӣ буда, аз ин 9,080 гектар боғро ташкил медиҳад.
Барои соли 2026 дар хоҷагӣ кишти 7 гектар картошка, 1,5 гектар ғалладонагиҳо, 0,5 гектар сабзавот ва дигар зироатҳои хӯроки чорво ба нақша гирифта шудааст. Зикр гардид, ки соли 2025 аз 8 гектар ғалладона 380 сентнер ҳосил ва аз 7 гектар картошка 280 сентнер маҳсулот ба даст омадааст, ки нишондиҳандаҳо қаноаткунанда арзёбӣ нагардиданд. Аз боғҳо 43 сентнер мева ҷамъоварӣ шудааст. Ба кишоварзон дастур дода шуд, ки бо истифодаи нуриҳои минералӣ, пору ва риояи агротехника ҳосилнокии заминро баланд бардоранд.
Дар рафти мулоқот сокинон доир ба таъмири каналҳо ва ҷӯйборҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, ташкили боғи агроҷангал, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ барои рушди кишоварзӣ, таъмини таҷҳизоти барқтақсимкунӣ ва беҳтар намудани таъминоти барқ пешниҳодҳо ироа намуданд. Раиси ноҳия изҳор дошт, ки баррасии ин масъалаҳо зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад.
Дар фарҷом як қатор кишоварзон ва пиллапарварони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ баргузор гардида, иштирокдорон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори ноҳия иброз намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 24

Leave a Reply

Back to top button