Хабарҳои руз

Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дошта, ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ 595 адад иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, зиёда аз 140 иншооти дигар бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони ватандӯст роҳандозӣ гардида, то арафаи ҷашни умумимиллӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Деҳаи Урметан ҳамчун яке аз деҳаҳои калонтарин ва сераҳолитарини ноҳия дар солҳои охир симои худро ба куллӣ дигар намуда, ба макони зебову обод ва намунаи ибрат барои дигар маҳалҳо табдил ёфтааст. Сохтмони хонаҳои истиқоматии замонавӣ бо тамоми шароити мусоид, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин дигар иншооти муҳими иҷтимоиву хоҷагидорӣ гувоҳи равшани болоравии сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими инфрасохтори деҳа мебошад.
Дар мавзеи Вонҷи деҳа, ки аз маҳаллаҳои сераҳолитарин ба шумор меравад, ҳамарӯза бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои бунёдкорӣ идома доранд. Бо ташаббуси сокинон бинои сеошёнаи иҷтимоӣ қомат афрохта истодааст. Дар ошёнаи аввали ин бино утоқи раиси кумитаи маҳаллӣ, толори маҷлисгузаронӣ ва дар ошёнаҳои болоии он нуқтаҳои хизматрасонӣ барои аҳолӣ ҷойгир мегарданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот на танҳо симои меъмории деҳа зеботар мегардад, балки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар шуда, барои чанд нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меояд.
Ҳамзамон, бо ибтикори сокинони заҳматқарину бонангу номус дар баландии мавзеъ майдончаи варзишии муҳташам бунёд шуда истодааст. Атрофи он бо баландии зиёда аз 6 метр бо сангу бетон мустаҳкам гардонида шуда, дарозии майдон 65 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Ин тадбир ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.
Бо талоши аҳолӣ инчунин хатти оби нӯшокӣ ба дарозии 7 километр барои 150 хоҷагӣ кашида шуда истодааст. Ин иқдом яке аз мушкилоти муҳими иҷтимоиро бартараф намуда, шароити зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар мегардонад.
Инчунин бо ташаббуси сокинон роҳҳои байнидеҳавӣ таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст.
Раиси ноҳияи Ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба сокинони фаъол ва ташаббускор миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонид. Таъкид гардид, ки чунин корҳои ободониву созандагӣ нишонаи баланди ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо аҳолӣ дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон расонида, зикр намуд, ки сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар маҳз ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии ҳар як гӯшаи Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона гардидааст. Қайд карда шуд, ки ҳар як сокини ватандӯст бояд дар татбиқи ин ҳадафҳои олӣ саҳми арзандаи худро гузорад ва бо меҳнати содиқона барои пешрафти диёр талош намояд.
Мардони ободкори Урметан бо азму иродаи қавӣ, бозувони пурқувват ва қалби саршор аз муҳаббат ба Ватан намунаи ибрати наслҳо гардидаанд. Онҳо бо меҳнати ҳалолу содиқона, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва эҳсоси баланди масъулият дар ободии зодгоҳ саҳми назаррас гузошта, бо амалҳои неки худ исбот менамоянд, ки маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ кафили пешрафту шукуфоии ҷомеа мебошад.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ идома дошта, сокинон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 32

Leave a Reply

Back to top button