Хабарҳои руз

Ободониҳо бахшида ба ҷашни умумимиллӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, иншооти муҳими иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди бунёд қарор доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар деҳаи Урметан аз рафти корҳои сохтмонӣ ва иншооти бунёдшаванда боздид ба амал овард. Зимни боздид раиси ноҳия дар мавзеи Амониёни деҳа бо ҷараёни сохтмони иншооти иҷтимоӣ шинос гардид. Ин иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми шахсони ободкори маҳаллаи Амониён барои баргузории тӯю маъракаҳо, маҷлису ҷамъомадҳои маҳаллӣ ва дигар чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ бунёд шуда истодааст.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинони маҳалла дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳолӣ расонида, зикр намуд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ба таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди устувори маҳалҳо равона гардидааст. Таъкид шуд, ки ҳар як сокини ватандӯст бояд бо истифода аз фазои сулҳу субот дар ободонии диёри худ саҳми арзанда гузошта, барои тарбияи насли соҳибмаърифату худогоҳ ва созанда кӯшиш намояд.
Қайд гардид, ки аҳолии ваҳдатдӯстдори маҳалла бо руҳияи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар ободонии маҳалли худ дастаҷамъона камар баста, барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ва муҳити арзандаи иҷтимоӣ барои худ ва насли оянда заминаи мусоид гузошта истодаанд.
Сипас, раиси ноҳия дар мавзеи Исковат аз рафти корҳои бунёдкорӣ боздид ба амал овард. Дар ин маҳалла низ як қатор корҳои ободонӣ роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, аввалин муассисаи таълимии хусусӣ, маҷмааи дуошёнаи хизматрасонӣ бо мағозаю дӯконҳо, сартарошхонаю кошонаи ҳусн, дорухона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд гардида, зиёда аз бист ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.
Ҳамзамон, сохтмони тарабхона барои 200 ҷойи нишаст идома дошта, дар ошёнаи аввали он иншооти хизматрасонии маишӣ ҷойгир мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоотҳо сатҳи хизматрасонӣ беҳтар гардида, имкониятҳои нави шуғли аҳолӣ фароҳам оварда мешаванд ва симои меъмории маҳалла боз ҳам зеботар мегардад.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо фаъолону сокинон дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки ҳар як ташаббуси созанда, ҳар як хишти гузошташуда дар роҳи ободии Ватан саҳми арзанда дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад. Мавсуф сокинонро ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, риояи талаботи меъморӣ ва сифати баланди сохтмон, инчунин тақвияти ҳамкории давлату ҷомеа даъват намуд.
Корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Урметан бо маром идома дошта, сокинон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол мегиранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 26
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

70

Leave a Reply

Back to top button