Хабарҳои руз

Дидорбинии Раиси ноҳияи Айнӣ бо собиқадори меҳнат

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба дидорбинии Раҳмонқул Шодмонқулов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти Урметан рафт. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки номбурда солҳои тӯлонӣ дар хизмати давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду ободонии маҳал саҳми назаррас гузоштааст.
Мавсуф ҳамчун роҳбари масъул ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, беҳдошти инфрасохтори деҳот, дастгирии табақаҳои ниёзманд ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинон хизматҳои арзанда анҷом додааст. Ӯ бо хислатҳои ҳамида, садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ ва меҳру муҳаббат ба мардум миёни аҳолӣ обрӯву эҳтироми хоса дорад.
Айни ҳол Раҳмонқул Шодмонқулов фаъолияти омӯзгории худро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 идома дода, ба ҳайси омӯзгори фанҳои дақиқ ба хонандагон дарс меомӯзад. Ӯ бо истифода аз таҷрибаи ғании корӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта, шогирдонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва донишандӯзӣ роҳнамоӣ менамояд.
Ин марди накӯном дар баробари фаъолияти ҷамъиятӣ ва омӯзгорӣ, ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш фарзандони шоиста ва бомаърифат ба воя расонидааст. Оилаи онҳо ҳамчун оилаи намунавӣ дар ҷомеа шинохта шуда, бо одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон ва дастгирии ҷавонон миёни ҳамдеҳагон мақоми баланд дорад. Таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти ин шахс намунаи ибрат барои ҷавонон ва хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад.
Раиси ноҳия зимни суҳбат аз хизматҳои шоистаи ӯ ёдовар шуда, миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣро барои саҳми арзандааш дар рушди иҷтимоиву фарҳангии ноҳия баён намуд. Қайд гардид, ки қадршиносии чунин шахсиятҳои соҳибтаҷриба ва фидоӣ нишонаи эҳтиром ба заҳмати содиқона ва сабақи зиндагии онҳо барои наслҳои оянда мебошад.
Мулоқот дар фазои самимият ва эҳтироми мутақобил баргузор гардида, баёнгари арҷгузорӣ ба инсонҳои меҳнатқарин ва содиқ ба ҷомеа арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

95

Leave a Reply

Back to top button