Хабарҳои руз

Оғози корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Ревад

Бо ҳадафи татбиқи сиёсати ободониву созандагӣ ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳраки Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар маҳал боздид ба амал оварда, бо сокинон ва масъулини соҳа мулоқот анҷом дод.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ дар ноҳия эълон гардида, тамоми сокинон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтарсозии шароити зиндагӣ иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ намудаанд. Таъкид гардид, ки ҳама гуна андешаҳои ифротӣ, ҷангандозӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллӣ қатъиян маҳкум буда, роҳи асосии пешрафти ҷомеа танҳо дар иттиҳод, созандагӣ ва меҳнати софдилона ифода меёбад.
Айни замон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар шаҳраки Ревад бунёди маҷмааи варзишии замонавӣ оғоз гардидааст. Масоҳати умумии маҷмаа 45 сотихро ташкил дода, дар он сохтмони майдонҳои футбол, волейбол, баскетбол, теннис, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасони варзишӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, маҷмаа бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфта, айни ҳол гирдбасти атрофи варзишгоҳ идома дорад. Иншооти мазкур бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори иҷтимоии маҳал бунёд мегардад.
Раиси ноҳия зимни боздид ба масъулин дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи муҳлати муайянгардида диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи сокинон дар чунин иқдомҳои созанда нишонаи баланди худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Сокинони шаҳраки Ревад тасмим доранд то фарорасии ҷашни умумимиллӣ маҳалли зисти худро ба як шаҳраки ободу пешрафта табдил диҳанд ва бо дастовардҳои арзанда 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 4
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

15

Leave a Reply

Back to top button