
Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас, дар мавзеи “Шахи Сиёҳ”-и деҳаи Ревади поёни Ҷамоати деҳоти Урметан маросими оғози сохтмони муассисаи нави таълимӣ баргузор гардид.
Дар ин маърака Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, ба корҳои сохтмонии мактаби нав расман оғоз бахшид.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст.
Зикр шуд, ки татбиқи чунин иқдомҳо, аз ҷумла бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ тибқи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Айнӣ бунёд гардида, иншоот аз ду ошёна иборат хоҳад буд. Мактаб барои 320 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои 13 синфхонаи барҳаво мегардад.
Ҳамзамон, дар муассиса озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шуда, барои таълиму тарбия шароити муосиру мусоид фароҳам оварда мешавад.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, дар маркази деҳаи Ревад низ дар ояндаи наздик сохтмони мактаби нав ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои гуногун, ба рушди маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи давлат тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати беҳтарсозии шароити муассисаҳои таълимӣ ва бунёди иншооти нав иқдомҳои созандаро идома медиҳад.
Таъкид гардид, ки оғози корҳои сохтмонӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мавзеи “Шахи Сиёҳ” қадами муҳиму созанда дар роҳи рушди иҷтимоии маҳал буда, дар оянда низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди иншооти нав саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 4
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
11










