
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои васлу насб ва бунёди иншооти таъмини оби полезӣ дар деҳаҳои Вота ва Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сиёсати созандаи давлат ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, шарикони рушд ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ, дар наздикии дарёи Зарафшон бунёди ду ҳавзи амудии бузург оғоз гардидааст. Ҳавзҳои мазкур барои обёрии зиёда аз 200 гектар замини кишоварзӣ пешбинӣ шуда, имконият фароҳам меоранд, ки заминҳои нав азхуд карда шуда, гардиши кишоварзӣ васеъ ва рушди бемайлони соҳа таъмин гардад.
Таъкид гардид, ки ин иқдоми сарнавиштсоз ҳар як сокини кишварро ба иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, саҳмгузории фаъолона дар ободии Ватан ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагӣ ҳидоят менамояд. Бо амалӣ гардидани лоиҳа, имконияти таъсиси боғҳои нав, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ фароҳам хоҳад омад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзҳои мазкур дорои иқтидори баланд буда, то фарорасии мавсими киштукори баҳорӣ пурра омода ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа ба таъмини оилаҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба бозорҳои калон баровардани маҳсулоти ватанӣ мусоидати назаррас хоҳад кард.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо масъулин ва сокинон таъкид намуд, ки мақомоти иҷроия ва мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Айнӣ аз дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет сафарбар менамоянд.
Дар анҷоми боздид таъкид гардид, ки сокинони ноҳияи Айнӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашида, дар рушди устувор ва ободонии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 2
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
18










