Хабарҳои руз

35 соли бурдбориҳо дар ноҳияи Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдкунандаи кишвар табдил ёфтааст. Агар даврони пеш аз истиқлолро бо имрӯз муқоиса намоем, метавон гуфт, ки дар 35 соли охир дар ноҳия садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб беҳтар шудааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол раҳоии ноҳияи Айнӣ ва тамоми водии Зарафшон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нақби бузурги стратегӣ — Нақби Истиқлол ва Нақби Шаҳристон сохта ба истифода дода шуданд.
Нақби Истиқлол ноҳияи Айниро бо пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе пайваст намуда, нақби Шаҳристон роҳи доимии иртиботиро бо маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд таъмин кард. Пеш аз ин, дар фасли зимистон аз моҳи ноябр то апрел роҳи мошингард баста шуда, сокинони ноҳия барои сафар ба Душанбе ё Хуҷанд маҷбур мешуданд аз ҳудуди давлати ҳамсоя гузаранд. Имрӯз бошад, ин мушкилоти чандинсола пурра бартараф гардида, ноҳия ба маркази муҳими транзитӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтааст.
Маҳз фароҳам гардидани инфрасохтори муосир заминаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро муҳайё намуд. Имрӯз дар ноҳияи Айнӣ корхонаҳои бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ саҳми назаррас мегузоранд. Сол то сол дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, садҳо нафар шаҳрвандон бо маоши хуб ва шароити арзандаи меҳнат таъмин мегарданд.
Ноҳияи Айнӣ, ки аз канданиҳои фоиданок бой мебошад, имрӯз имконияти васеи рушди саноати кӯҳӣ ва коркарди маъданҳоро дорад. Бо ҳамин мақсад, бо пешниҳоди раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дар муассисаҳои таълимӣ ба омодасозии мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Наврасон ва хатмкунандагони мактабҳои миёна барои дохил шудан ба донишгоҳҳои техникиву саноатӣ ва омӯзиши касбҳои муҳандисиву ихтироъкорӣ раҳнамоӣ карда мешаванд, зеро имрӯз ноҳия ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат ниёзи зиёд дорад.
Дар баробари рушди саноат, таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба дигар соҳаҳои муҳим низ рӯз ба рӯз бештар мегардад. Дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ, марказҳои тандурустӣ, иншооти фарҳангиву варзишӣ, роҳҳо ва пулҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин, дар бахши кишоварзӣ низ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, деҳқонон бо техника ва имкониятҳои нав таъмин мешаванд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ бо маром идома доранд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни мазкур — Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз як қатор иншооти ҷашнӣ боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид масъулон бо сохтмончиён ва шахсони мутасаддӣ суҳбат намуда, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати иҷрои онҳоро мавриди назар қарор доданд. Тавре бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дод, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди 595 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми сокинон шумораи иншооти сохташуда ба 666 адад расонида шуд, ки 112 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулон, то рӯзи ҷашн боз зиёда аз 40 иншооти дигар мавриди истифода қарор дода мешавад. Маблағи умумии иншооти бунёдгардида наздики 1 миллиарду 775 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иншооти навбунёд дар оянда барои рушди иқтисоди ноҳия, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суҳбат таъкид намуд, ки ҳадафи асосии роҳбарияти ноҳия таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст мебошад. Ӯ афзуд, ки сокинони ноҳия бо руҳияи баланди созандагӣ ва эҳсоси ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар дар ободонии диёр саҳми фаъол мегузоранд.
Бо чунин дастовардҳо ноҳияи Айнӣ имрӯз ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишвар табдил ёфта, сокинони он бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азиз талош менамоянд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Меньше

Leave a Reply

Back to top button