Хабарҳои руз

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бо эҳтирому самимият ҳамаи сокинони ноҳияи Айнӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷавонони ватандӯстро ба муносибати Рӯзи Ғалаба — 9 май табрик менамоям.
Ин рӯз рамзи шуҷоат, матонат ва фидокории мардону заноне мебошад, ки барои ҳифзи сулҳу озодӣ ҷони худро дареғ надоштанд. Қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамеша мояи ифтихори миллат боқӣ хоҳад монд.
Мо имрӯз бо арҷгузорӣ ба хотираи шаҳидон ва эҳтиром ба собиқадорон вазифадорем, ки сулҳу субот, ваҳдат ва оромии Тоҷикистони азизро ҳифз намуда, барои пешрафти Ватан содиқона хизмат намоем.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми шарафманди ноҳияи Айнӣ ҳамеша рӯҳи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихиро пос медоранд.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори обод, осмони соф ва сулҳи пойдор орзу менамоям.
Рӯзи Ғалаба муборак!
Нет описания фото.
Смотреть статистику

149

15

17

Leave a Reply

Back to top button