Хабарҳои руз

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм чорабинии бошукуҳи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи неругоҳи атомии Чернобил, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи хотиравии шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳия ба номи Мақсудҷон Шукуров ҷойгир мебошад, оғоз гардид. Иштирокдорон бо гузоштани гулчанбар ва гулдастаҳо хотираи неки фарзандони шуҷои Ватанро, ки барои ҳифзи озодӣ ва таъмини сулҳу субот ҷони худро нисор намудаанд, пос доштанд.
Сипас, пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми расмии чорабинӣ оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни сухани ифтитоҳии худ аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалабаро таъкид намуда, изҳор дошт, ки корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои халқ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нахоҳанд шуд. Қайд гардид, ки маҳз шуҷоату ҷоннисориҳои падарону бобоёни мо буд, ки инсоният аз хатари фашизм наҷот ёфт ва имрӯз мардум дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, таъкид намуд, ки: «Арҷгузорӣ ба корномаи ҷанговарон ва заҳмати фидокоронаи собиқадорон қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост. Насли имрӯз бояд аз мактаби ҷасорату ватандӯстии онҳо сабақ омӯзад ва барои ҳифзи истиқлолу оромии кишвар ҳамеша омода бошад».
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба собиқадорон, ҳомиёни Ватан ва шахсоне, ки дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар саҳм гузоштаанд, пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирон расонида, иброз дошт, ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун рамзи матонат, ҷасорат, ватандӯстӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ӯ таъкид намуд, ки саҳми фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар таъмини ғалаба бар фашизм назаррас буда, хизматҳои онҳо ҳамеша қадршиносӣ мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор ҷанговарони байналмилал, бартарафкунандагони садамаи Чернобил, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва шахсони фаъол барои саҳми арзандаашон дар хизмати Ватан туҳфаҳои хотиравӣ, Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Меньше
и ещё 26
Смотреть статистику

86

2

17

Leave a Reply

Back to top button