Хабарҳои руз

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Сокинони шарафманди ноҳияи Айнӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Оила рукни муқаддаси ҷомеа, сарчашмаи меҳру муҳаббат, ахлоқи ҳамида ва тарбияи насли солиму соҳибмаърифат ба шумор меравад. Маҳз дар фазои гарму пурмуҳаббати оила инсон камол ёфта, эҳсоси ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар қалби ӯ шакл мегирад.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ аз қадимулайём бо фарҳанги волои оиладорӣ, эҳтироми калонсолон, меҳрубонӣ нисбат ба фарзандон ва пойдории суннатҳои неки миллӣ шинохта шудаанд. Имрӯз низ оилаҳои намунавии диёр дар таҳкими ваҳдату субот, тарбияи ҷавонони ватандӯст ва пешрафти ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими мақоми оила дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро пояи устувори давлату миллат арзёбӣ менамоянд.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу сафо, меҳру муҳаббати ҷовидонӣ, рӯзгори обод ва хушбахтии бепоён орзу менамоям. Бигзор дар ҳар оила муҳити ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва муҳаббат ҳукмфармо бошад ва фарзандони мо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расанд.
Рӯзи байналмилалии оила муборак бошад!

Меньше
Возможно, это изображение один или несколько человек
Смотреть статистику

296

43

13

Leave a Reply

Back to top button