Хабарҳои руз

Машварати корӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва бартарафсозии камбудиҳо дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳусейн Давлатзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода машварати корӣ баргузор гардид. Дар кори машварат роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва дигар масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иштирок намуданд.
Машварат ба масъалаҳои муҳими таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бахшида шуда, зимни он вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар ноҳия мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини суботу оромӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, тарбияи дурусти ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаанд. Зикр гардид, ки фаъолияти мунтазам дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ идома дорад.
Сипас, Прокурори вилояти Суғд Ҳусейн Давлатзода вобаста ба вазъи иҷрои қонунгузорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеа ибрози назар намуда, аз мавҷудияти баъзе камбудиву норасоиҳо изҳори нигаронӣ кард. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар баъзе самтҳо, аз қабили таъмини интизоми меҳнат, истифодаи ғайримақсадноки замин, худсарона сохтмонкунӣ, ҷамъоварии андоз, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон, иштироки хонандагон ба таълим ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ҳанӯз мушкилоту камбудиҳо ба назар мерасанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки монеъ шудан ба таҳсили фарзандон аз ҷониби волидон қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, нисбати чунин ҳолатҳо чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сари вақт мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои аҳолӣ дар маҳал ҳаллу фасл карда шаванд.
Дар ҷараёни машварат ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат ба коррупсия, истифодаи самараноки неруи барқ, кам намудани талафоти барқ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, беҳтар намудани ҳуҷҷатгузорӣ ва омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шуд.
Баъдан роҳбарони сохторҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти соҳавии худ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳои вазнин, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бо қонуншиканиҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Сардори шабакаҳои барқи ноҳия Умедҷон Шодиев вобаста ба кам намудани қарзи истифодаи неруи барқ, коҳиш додани талафоти техникӣ ва ғайритехникӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги истифодабарии қувваи барқ суханронӣ намуд.
Сардори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шоҳвар Давронов оид ба пешгирии сохтмонҳои худсарона, риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузории сохтмонҳо гузориш дод.
Ҳамчунин, Сардори БММҒМ-и ноҳия Некбахт Маҳмудов доир ба беҳтар намудани сатҳи ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ маълумот пешниҳод намуд.
Мудири бахши танзими дин, анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шамсулло Шодиев оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҳисобот дод.
Сардори Нозироти андоз дар ноҳия Оқилбой Шодиев вобаста ба ҷамъоварии андозҳо, баланд бардоштани масъулияти андозсупорандагон ва кам намудани бақияпулиҳо баромад намуд.
Ҳамзамон фаъолияти дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз масъулин вобаста ба самти фаъолияташон пурсиш ба амал оварда шуд.
Дар натиҷаи машварат ба роҳбарону масъулини соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ, тақвияти назорат ва иҷрои саривақтии талаботи қонунгузорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар анҷоми машварат Прокурори вилояти Суғд таъкид намуд, ки ҳар як роҳбар вазифадор аст камбудиҳоро дар ҷойи худ сари вақт ислоҳ намуда, фаъолияти хизматиро мутобиқ ба талаботи қонун ба роҳ монад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни ҷамъбасти машварат иброз дошт, ки хизмат ба мардум бояд рисолати асосии ҳар як роҳбару корманди давлатӣ бошад. Қайд гардид, ки барои бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаб ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, фаъолияти тамоми сохторҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода мешавад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми камбудиҳои мавҷуда бартараф гардида, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас ва дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ истиқбол гирифта хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Меньше
и ещё 27
Смотреть статистику

117

1

17

Leave a Reply

Back to top button