
15 майи соли 2026 дар маҷмааи фарҳангии “Боғистон”-и Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, шӯрои занон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои намунавӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Айнӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи оила табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мавқеи арзишманд дошта, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва тарбияи насли наврас аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳо суннату ойинҳои неки оиладорӣ, эҳтироми волидайн, тарбияи фарзанд ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонпарваронаро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузоштааст. Зикр карда шуд, ки нақши занону модарон дар пойдории оила ва тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат хеле муҳим мебошад.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оиларо ҳамчун ниҳоди муқаддаси ҷомеа арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки: оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад.
Ҳамчунин зимни чорабинӣ оид ба аҳаммияти қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан рафта, зикр гардид, ки татбиқи ин санадҳои муҳим ба таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон мусоидат менамояд.
Қисмати муҳими чорабинӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ба оилаҳои ҷавон буд. Раиси ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия ба як қатор ҷавонони навхонадор шаҳодатномаҳои ақди никоҳро дар фазои тантанавӣ тақдим намуда, ба онҳо зиндагии хушу саодатмандона орзу кард.
Иштирокчиёни ҷамъомад инчунин оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, омилҳои пошхӯрии оилаҳо ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ибрози назар намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди ҷомеа ва тарбияи фарзандони шоиста туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ супорида шуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунару санъати ноҳия ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, фазои идонаро рангоранг намуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Меньше





и ещё 39
Смотреть статистику
93
2
11










