Хабарҳои руз

Раиси ноҳияи Айнӣ аз ҷараёни таъмиру таҷдиди бинои Суди ноҳия боздид намуд

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдид аз бинои Мақомоти Суди ноҳияи Айнӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия бо масъулини соҳаи сохтмон, мутахассисони бахши меъморӣ ва сохтмончиён суҳбат намуда, ба сифати корҳои иҷрошаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Таъкид гардид, ки ҳангоми анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ бояд аз масолеҳи босифати сохтмонӣ истифода бурда шуда, ҳамаи корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва талаботи меъмории ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шаванд.
Раиси Суди ноҳияи Айнӣ Некрӯз Маруфзода иттилоъ дод, ки бинои мазкур соли 1984 бунёд гардида, аз замони сохта шуданаш то имрӯз бори аввал ба таъмири асосӣ фаро гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи корҳои навсозӣ бино пурра таъмир гардида, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва дигар иншооти ёрирасон мутобиқ ба талаботи замони муосир таҷдид мешаванд. Ҳамзамон, бино бо таҷҳизоту технологияҳои зарурии соҳавӣ таъмин мегардад.
Қайд гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тайи солҳои охир як қатор биноҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар ноҳия аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд. Аз ҷумла, бинои ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ ва бинои Прокуратураи ноҳия пурра навсозӣ гардида, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки ободу зебо гардонидани биноҳои маъмурию давлатӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои таъмиру таҷдидро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом диҳанд.
Таъкид шуд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои Суди ноҳияи Айнӣ ба яке аз биноҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи низоми судӣ табдил хоҳад ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Меньше
и ещё 9
Смотреть статистику

80

2

10

Leave a Reply

Back to top button