Хабарҳои руз

Идомаи корҳои тозакорӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода корҳои ободонӣ ва тозакорӣ вусъати бесобиқа касб намуда, тамоми ҳудуди ноҳия аз нақби «Анзоб» то нақби «Шаҳристон» ва аз сарҳади ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то шаҳри Панҷакент фаро гирифта шудааст.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва иштироки фаъоли кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, ҷавонон ва фаъолон маъракаҳои дастаҷамъонаи тозагӣ пайваста роҳандозӣ гардида, канори роҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ, маҳаллаҳо, назди муассисаҳо ва соҳилҳои дарё аз партовҳо тоза карда мешаванд.
Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар намудани муҳити зист ва таъмини симои зебои ноҳия корҳои сафедкунии дарахтон, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тоза намудани ҷӯйбору заҳкашҳо ва ба тартиб даровардани ҷойҳои ҷамъиятӣ идома доранд.

Бояд гуфт, ки корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он таъмини муҳити тозаву солим, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияи Айнӣ мебошад.

Меньше
и ещё 23

Смотреть статистику

 

48

 

1

 

1

Leave a Reply

Back to top button