Хабарҳои руз

80-солагии устод Доро Наҷот дар ноҳияи Айнӣ бо шукӯҳ таҷлил гардид

16-уми май бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот маҳфили бошукӯҳи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ аҳли илму адаби кишвар, шоирону нависандагон, ҳунармандон, дӯстону пайвандон ва ҳаводорони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни ифтитоҳи маҳфили тантанавӣ таъкид намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди адабиёт ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ӯ бо истинод ба суханони Пешвои миллат иброз дошт: «Миллате, ки илму адаб ва фарҳанги воло дорад, ҳеҷ гоҳ аз миён намеравад.»
Раиси ноҳия гуфт, ки Доро Наҷот аз ҷумлаи он адибоне мебошад, ки тамоми умр бо қалами худ барои ҳифзи забон, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик хизмат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, осори пурмазмун ва андешаҳои навҷӯёнаи шоир дар тарбияи маънавии ҷомеа, бахусус ҷавонон, нақши муассир доранд.
Ӯ ҳамчунин аз суханони дигари Пешвои миллат ёдовар шуда, таъкид кард: «Забон ҳастии миллат ва муҳимтарин унсури муайянкунандаи фарҳангу тамаддуни халқ мебошад.»
Ба таъкиди раиси ноҳия, Доро Наҷот бо ҷустуҷӯи пайвастаи вожаҳои асили тоҷикӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ дар таҳкими пояҳои забони давлатӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Ӯ афзуд, ки ноҳияи Айнӣ аз фарзанди фарзонаи худ ифтихор дошта, хизматҳои адабӣ ва фарҳангии ӯро гиромӣ медорад.
Дар анҷоми суханронӣ раиси ноҳия ба устод Доро Наҷот сиҳатмандӣ, умри дарози бобаракат, рӯҳи илҳомбахш ва комёбиҳои нави эҷодиро таманно намуд. Гуфта шуд, ки роҳи эҷодии Доро Наҷот таҷассумгари ҷустуҷӯҳои тозаи адабии шеъри тоҷик мебошад. Ба гуфтаи раиси ноҳия, шоир аз шеърҳои суннатии ибтидоӣ то намунаҳои муосири шеъри сафед роҳи пурбор ва пуртаҷрибаро тай намуда, дар рушди адабиёти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ Доро Наҷотро аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷаста ва муътабари адабиёти муосири тоҷик номида, иброз дошт, ки осори пурғановати ӯ бозгӯи асолати миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҷаҳонбинии фарох мебошад. Таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамари шоир ҳамчун адиб, рӯзноманигор, муҳаққиқ ва фарҳангшинос барои ҷомеаи адабии кишвар мактаби бузурги маънавию эҷодӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки мардуми ноҳияи Айнӣ аз он ифтихор доранд, ки Доро Наҷот аз ҳамин сарзамини фарҳангпарвар ба майдони адабиёт ворид гардида, ҳамеша дар ашъораш аз кӯҳсорон, табиати нотакрор ва мардуми самимии диёр бо муҳаббати хоса ёд мекунад.
Сипас раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуда, таъкид кард, ки шеърҳои нахустини Доро Наҷот бо муҳити деҳа, зиндагии мардум ва табиати зебои кӯҳистон пайванди амиқ доранд. Ӯ гуфт, ки дар осори шоир симои падари чӯпон, модари хонабон ва зиндагии воқеии мардум хеле табиӣ ва таъсиргузор тасвир ёфтаанд.
Низом Қосим ҳамчунин аз нақши Доро Наҷот дар рушди шеъри сафеди тоҷик ёдовар шуда, афзуд, ки шоир зимни фаъолият дар Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон шеъри муосири форсиро амиқ омӯхта, аз он сабку тозагиҳои зиёде гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, эҷодиёти Доро Наҷот тақлид набуда, балки осори комилан тоҷикона ва навоварона мебошад. Ӯ таъкид кард, ки шеъри сафеди Доро Наҷот барои насли нави шоирони тоҷик мактаби муҳим ва омӯзанда ба шумор меравад.
Дар идомаи маҳфил директори Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ — Баҳром Мирсаидов паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд. Дар паём саҳми Доро Наҷот дар рушди адабиёти миллӣ, таҳкими фарҳанги тоҷик ва муаррифии адабиёти муосири тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баланд арзёбӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки осори Доро Наҷот бо забони нобу равон, андешаи тоза ва рӯҳи миллӣ миёни хонандагон маҳбубияти зиёд дошта, барои тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир мебозад. Ҳамчунин зикр гардид, ки хизматҳои шоир дар таҳияи фарҳанги бузурги тоҷикӣ ва ҷустуҷӯи вожаҳои асили тоҷикӣ шоистаи таҳсин мебошад.
Маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш идома дода, бо таҳлилу баррасии осори Доро Наҷот ва ёдоварӣ аз лаҳзаҳои муҳими зиндагии ӯ ҷойгоҳи шоирро дар адабиёти муосири тоҷик арзёбӣ кард.
Дар қисмати дигари маҳфил Шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, академик Кароматулло Олимов, Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Абдуҷаббори Суруш оид ба робитаи дӯстона ва ҳамкориҳои деринаи худ бо Доро Наҷот сухан гуфта, аз мақому манзалати ӯ дар ҳавзаи адабии форсизабон ёдовар шуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Доро Наҷот аз овони ҷавонӣ барои рушди забони тоҷикӣ ва эҳёи вожаҳои асил талош намуда, новобаста аз машғулиятҳои зиёди эҷодӣ барои таҳияи фарҳанги мукаммали тоҷикӣ заҳмати зиёд кашидааст.
Бахши фарҳангии маҳфил бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар рангу ҷилои тоза гирифт. Афзалшоҳ Шодиев, Аслиддин Сатторов, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Баҳрулло Абдуллоев ва овозхони маҳбуб Орзугул Хӯҷамова бо иҷрои таронаҳо аз ашъори шоир ба маҳфил ҳусни дигар бахшиданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметан ба номи Қутбӣ Киром шеърҳои соҳибҷашнро қироат намуданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ меҳмонон ва аҳли адаб аз назди муҷассамаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва инчунин оромгоҳи шоири классики тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ боздид намуда, ба нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.
Дар фарҷом маҳфили фарҳангӣ ва шеъру суруд дар маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии Боғистон бо иштироки васеи аҳли зиё, шоирон, нависандагон ва дӯстдорони адабиёт идома ёфта, ба як ҷашни ҳақиқии фарҳангиву маънавӣ табдил ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Меньше
и ещё 44
Смотреть статистику

151

6

23

Leave a Reply

Back to top button