Хабарҳои руз

Баргузории бошукуҳи «Дави миллӣ» ва марафони «Велосипедронӣ» дар ноҳияи Айнӣ

17 майи соли 2026 дар маркази Ноҳияи Айнӣ бо руҳияи баланди ватандӯстиву солимгардонӣ чорабинии оммавии варзишии «Дави миллӣ» ва марафони «Велосипедронӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 таҳти №225 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ ва ҷалби омма, бахусус ҷавонон ба варзиш мебошад.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон, ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд. Иштироки васеи аҳолӣ нишон дод, ки варзиш имрӯз ба як ҷузъи муҳими зиндагии ҷомеа табдил ёфта, мардум барои нигоҳдории саломатӣ ва таҳкими нерӯи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Чорабинӣ субҳи барвақт, соати 07:00 оғоз гардида, иштирокчиён аз назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 то назди Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал масофаи зиёда аз 3 километрро тай намуданд. Ҳамзамон иштирокчиёни марафони «Велосипедронӣ» аз ҳудуди Дашти Сангистон тавассути роҳи асосӣ то маркази ноҳия ҳаракат намуда, байни ҳам рақобати солим ва ҷолиб баргузор карданд. Дар ҷараёни марафон фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди варзишӣ ҳукмфармо буд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ҳамасола дар кишвар 23 май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат нақши муҳим доранд. Ӯ иброз дошт, ки варзиш воситаи муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат ва тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, маҳз тавассути чунин чорабиниҳо ҷавонон ба ҳаёти фаъолу созанда ҷалб карда мешаванд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат солҳои охир барои рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бунёди майдончаҳои варзишӣ, толорҳо ва инфрасохтори муосир боис гардидааст, ки ҷавонон бештар ба варзиш машғул шуда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дастовардҳои назаррас ба даст оранд.
Дар ҳошияи чорабинӣ инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардида, ба иштирокчиён буклетҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд. Масъулин доир ба хатарҳои савдои одамон, роҳҳои пешгирии он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли «Дави миллӣ» ва марафони «Велосипедронӣ» диплом, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия супорида шуданд. Ин иқдом барои ҳавасманд намудани ҷавонон ва рушди минбаъдаи варзиш дар ноҳия мусоидат менамояд.
Чорабинии мазкур бори дигар нишон дод, ки сокинони ноҳияи Айнӣ ҷонибдори тарзи ҳаёти солим буда, барои таҳкими ҷомеаи солиму неруманд саҳми фаъол мегузоранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Меньше

Leave a Reply

Back to top button