
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи кишоварзӣ, ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни машварат таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия корҳои омодагӣ вусъати тоза гирифта, барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, масъалаҳои тозагӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили нуқтаҳои хизматрасонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани роҳҳо, ҷӯйборҳо ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ муҳокима гардида, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси ноҳия дар масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки кишти картошка ва дигар зироатҳои полезӣ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шавад. Ҳамзамон, истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҷорӣ намудани ҳисоботҳои оморӣ дар шакли рақамӣ тавассути низоми “равзанаи ягона” аз вазифаҳои муҳими сохторҳои марбута арзёбӣ гардид.
Дар ин замина, Кумитаи идораи замин ва раёсати кишоварзии ноҳия муваззаф шуданд, ки назорати доимии раванди киштукор, истифодаи дурусти замин ва риояи талаботи аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи корҳои сохтмонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки сохтмон ва ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бояд дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шавад. Ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои азнавсозии биноҳои ёрирасон, таъмири деворҳои кӯҳна ва дигар иншооте, ки ба симои ноҳия таъсири манфӣ мерасонанд, вусъат бахшида шаванд.
Раиси ноҳия махсус таъкид намуд, ки ҳангоми сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ риоя гардида, биноҳо бояд ба талаботи хизматрасонии босифат ҷавобгӯ бошанд.
Дар идомаи машварат Равшан Раҳимзода аз баъзе камбудиҳо дар корҳои ташкилӣ изҳори нигаронӣ намуда, масъулонро вазифадор кард, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ муносибат намоянд. Зикр гардид, ки вазифаҳо бояд ба зиммаи шахсони соҳибтаҷриба, кордон ва уҳдабаро гузошта шаванд, то натиҷаи фаъолияти сохторҳо боз ҳам беҳтар гардад.
Дар фарҷоми машварат раиси ноҳия сокинон ва масъулини тамоми соҳаҳоро ба ҳамдилӣ, меҳнати содиқона ва саҳмгузорӣ дар ободии диёр даъват намуда, таъкид кард, ки бо истифода аз донишу малака, ақлу заковат ва меҳнати софдилона метавон Тоҷикистони азизро таҳти роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу пешрафта гардонд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Меньше










