Хабарҳои руз

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ

Дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими арзишҳои зиддикоррупсионӣ» ҳамоиши муҳими маърифатӣ ва тарғиботӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони ҷомеа, омӯзгорон, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар ин самт аҳамияти махсус дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар роҳи пешгирии зуҳуроти номатлуб, ҳифзи адолат, шаффофият ва қонуният саҳми арзанда гузоранд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун метавонад барои бунёди ҷомеаи солиму пешрафта заминаи устувор гузорад.
Дар ҳамоиш намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Баҳрулло Файзуллозода ширкат ва суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки коррупсия яке аз омилҳои халалдоркунандаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ буда, муборизаи дастаҷамъона алайҳи он вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ метавонад дар коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ нақши муассир гузорад.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои қонунгузорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд дар ҷомеа ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи арзишҳои адолатпарварӣ фаъол бошанд.
Дар зимн, аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ҷавонон зидди коррупсия» баргузор гардид. Аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ба сокинону ҷавонон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд. Дар варақаҳо маълумот оид ба мафҳуми коррупсия, зарари он ба ҷомеа, нақши ҷавонон дар мубориза бо коррупсия ва вазифаҳои шаҳрвандон дар муқовимат ба ин падида ҷой дода шуда буд.
Дар ҷараёни аксияи иттилоотӣ гуфта шуд, ки мубориза бо коррупсия танҳо бо ҳамкории ҷомеа ва иштироки фаъоли шаҳрвандон натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ба ҷавонон муроҷиат карда шуд, ки барои ҳифзи адолат, шаффофият ва рушди ҷомеаи демократӣ саҳмгузор бошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат намуда, дар таҳкими арзишҳои зиддикоррупсионӣ нақши муҳим мегузоранд. Ҳамчунин таъкид гардид: «Биёед якҷоя барои ҷомеаи одилона ва пешрафта мубориза барем. Ояндаи миллат дар дасти шумост!».
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Меньше

Leave a Reply

Back to top button