
Баррасии нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2026 ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон
Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳияи Айнӣ бо иштироки доираи васеи ҷавонону фаъолон ва намояндагони мақомоти давлатӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, аъзои Шӯро, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, гирандагони Стипендияи Президентӣ ва Стипендияи раиси ноҳия, хатмкунандагони маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2026 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Нахуст, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ Абдуваҳҳоб Шарифзода оид ба фаъолияти бахш ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, аз дастовардҳои назарраси соҳа ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дар заминаи татбиқи сиёсати ҷавонпарваронаи давлату Ҳукумат дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамасола даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, толорҳои замонавии машқу тамрин ва иншооти солимгардонӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки танҳо дар чанд соли охир бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша як қатор майдончаҳои муосири варзишӣ, толорҳои фитнес ва марказҳои машқу тамрин сохта шуда, барои рушди варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои оммавии варзишӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамзамон бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои дахлдор пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва ватандӯстиро баргузор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва маърифати ҷавонон тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшани эътимоди давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои таҳсил, касбомӯзӣ, рушди зеҳнӣ ва фаъолияти эҷодию варзишии онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Зимни баромад таъкид гардид, ки тарбияи насли босавод, худшинос, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, рушди тафаккури зеҳнӣ, эҳёи фарҳанги китобдӯстӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муассир доранд.
Раиси ноҳия ҷавононро ба омӯзиши илмҳои муосир, азхудкунии технологияҳои нав, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худтакмилдиҳӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон бояд ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат дар корҳои созандагию ободонӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ иштироки фаъолона дошта бошанд.
Дар ҷаласа инчунин таъкид шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷалб ба курсҳои касбомӯзӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва машғул шудан ба варзиш фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои рушди истеъдодҳо, маҳфилҳои омӯзишӣ ва курсҳои омодагӣ барои ҷавонон ба рушди қобилияти зеҳнӣ ва касбии онҳо мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Дар ҳамин замина ба масъулони соҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи ҷавонон, тақвияти фаъолияти марказҳои ҷавонон, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Зимни ҷаласа намояндагони соҳаи ҷавонон ва ҷавонони фаъол низ баромад намуда, аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти мамлакат барои ба камол расидани мутахассисони ҷавон, соҳибкасб ва ватандӯст заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки донандаи забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои англисӣ ва русӣ мебошанд, аз наздик суҳбат анҷом дод. Зимни мулоқот байни раиси ноҳия ва хонандагон мубодилаи афкор ба забонҳои хориҷӣ сурат гирифта, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва маҳорати забондонии ҷавонон мавриди таҳсину қадрдонӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия ба донишу малакаи забондонии хонандагон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон аҳаммияти хос дошта, барои таҳсил, рушди касбӣ ва муаррифии шоистаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ӯ ҷавононро даъват кард, ки дӯстону ҳамсабақони худро низ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рақобатпазирии насли ҷавон саҳмгузор бошанд.
Зикр гардид, ки бо ибтикори раиси ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва донандагони забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардида, барои чунин хонандагон мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ, сипосномаву ифтихорномаҳо ба таври васеъ роҳандозӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки на танҳо хонандагони фаъол, балки омӯзгороне, ки дар тарбияи шогирдони соҳибмаърифат ва донандаи забонҳои хориҷӣ саҳми назаррас доранд, дар сатҳи баланд қадрдонӣ хоҳанд гардид. Ин иқдом ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани завқи омӯзиши забонҳо, рушди тафаккури муосир ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир арзёбӣ шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳияи Айнӣ барои соли 2026 қабул гардида, ба як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия барои саҳми арзанда дар ҳаёти ҷамъиятӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон ба хатмкунандагони маҳфили омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” шаҳодатномаи хатм дар фазои тантанавӣ супорида шуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил, хизмати содиқона ба Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа барору муваффақият таманно гардид.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Меньше










