Хабарҳои рузЭълонҳо ва озмунҳо

ҲАДАФҲОИ ЭЪЛОНИ «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Чуноне маълум аст ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ҷамъи роҳбарони сохторҳои мухталиф ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Муқим Муродзода аз ҷумла чунин гуфт: – Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошанд.
Муҳим будани ин масъала дар он ифода меёбад, ки риоя ва иҷрои Қонститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ, тафаккури баланди зеҳнӣ, дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон вобастагии калон дорад.
Дар робита ба ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668 ба имзо расид.
Фармони мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардидааст.
Ба анҷом расонидани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон муовини Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода баромад намуда, қайд кард, ки маърифати ҳуқуқӣ воситаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа маҳсуб ёфта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дарки муҳим будани риояи чаҳорчӯбаи муайяннамудаи рафтор, ки тавассути меъёрҳои қонунгузорӣ муқаррар шудааст, сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаро муайян мекунанд. Бевосита тавассути маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванд имкон пайдо менамояд, ки зарурати қабул ва татбиқи қонунҳоро ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дарк намояд. Бешубҳа, маърифати баланди ҳуқуқӣ риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба он мебошад. Шахси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона иштирок менамояд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон мaсъaлaи мaърифaти ҳуқуқӣ вa тaъмини тaрбияи ҳуқуқии шaҳрвaндон зaминaи мустaҳкaм доштa, бо мaқсaди тaъмини волоияти қонун дaр ҷомеa, риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бaлaнд бaрдоштaни таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, дарки шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии aҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонунвaйронкуниҳо тули солҳои соҳибистиқлолӣ тaдбирҳои зaрурӣ aмaлӣ гaштa, дaр ин сaмт якчaнд сaнaдҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” аз 16 декабри соли 2022, №332; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ»; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, қабул гардидаанд.
Боиси зикр аст, ки эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бa 30-солaгии қaбули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ оид бa қaбули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вa aҳaмияти зарурии он дaр ҳaёти мaмлaкaт чунин тaъкид намуданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Ҷойгоҳи Конститутсия дар татбиқи амалии ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эътирофи давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ягона, инчунин амалӣ гардидани меъёрҳои он дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
и ещё 5

Leave a Reply

Back to top button