Хабарҳои руз

Машварати корӣ бо фаъолони ноҳияи Айнӣ

Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ тибқи нақшаи кории Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ва прокуратураи ноҳияи Айнӣ машварати корӣ бо иштироки фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сокинони фаъоли ҷомеа ширкат варзиданд.
Чорабинӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода доир шуда, дар он масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таҳкими эҳтироми арзишҳои миллӣ баррасӣ гардиданд.
Сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон Низомзода Насриддин зимни баромад гуфт:
«Коррупсия зуҳуроти хавфнок аст, ки метавонад пешрафти давлат ва ҷомеаро боздорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Дар асоси қонуни нави зиддикоррупсионӣ аз соли 2020, ҳар як масъул вазифадор аст, ки фаъолияташро бо сатҳи баланд, шаффоф ва поквиҷдонӣ ба роҳ монад.»
Дар идома Саидҷамол Ҷалолзода, прокурори ноҳияи Айнӣ, вобаста ба таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи истифода ва пардохти нерӯи барқ суханронӣ намуда, таъкид кард:
«Истеъмолкунандагон уҳдадоранд истифодаи нерӯи барқро сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Идораҳои дахлдор бояд корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ боз ҳам тақвият бахшанд, то мушкилиҳо дар ҷамъоварии маблағ бартараф гарданд.»
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода низ фаъолияти сусти баъзе сохторҳоро дар самти ҷамъоварии маблағҳои қувваи барқ интиқод намуда, илова кард:
«Ҳукумати кишвар баҳри ободии давлат шабонарӯзӣ заҳмат мекашад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди маҳаллӣ уҳдадор аст, ки вазифаҳои хизматиро бо масъулияти баланд ва сифати баланд иҷро намояд.»
Дар машварат ҳамчунин масъалаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баррасӣ шуда, раиси ноҳия иброз дошт:
«Ҳимояи Ватан модар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст. Ман итминон дорам, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ бо садоқат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, сарбаландона марзҳои кишвари азизамонро ҳифз хоҳанд кард.»
Зимнан, дар ҷараёни машварат масъалаҳои дигар, аз қабили риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», тарбияи насли наврас, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва таҳкими қонуният низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷиҳати таҳкими қонуният, пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ ва татбиқи самараноки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 тадбирҳои зарурӣ амалӣ созанд.
Маркази матбуоти МИҲД ноҳияи Айнӣ
и ещё 13
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

52

Back to top button