Хабарҳои руз

Маросими гузоштани санги асос дар бунёди майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Барои вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар қатори дигар иншооти саноативу иҷтимоӣ, иншооти варзишӣ низ сохта шуда истодааст.
Имрӯз, 26-уми августи соли 2025 дар деҳаи Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба бунёди боз як майдончаи варзишии кӯдакона санги асос гузошта шуд. Майдончаи мазкур барои вақгузаронию ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон пешбинӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи дастуру супоришҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ як қатор майдонча ва толорҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ки то имрӯз қисми зиёди онҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.
Майдончаи нав дар маҳаллаи деҳаи Хушекат ҷойгир буда, бо саҳми соҳибкорон ва аҳолии деҳа сохта мешавад. Майдончаи универсалии варзишӣ дар назди МТМУ №49 деҳаи Хушекат сохта мешавад. Масоҳаташ 22 ба 40 буда, он аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Айнӣ тарҳрезӣ шудааст. Майдони варзишӣ бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ амалӣ мегардад.
Раиси ноҳия ҳангоми суҳбат бо сохтмончиён таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Вай супориш дод, ки корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ бо маҳорати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир анҷом дода шуда, дар гирду атрофи он сабзаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан низ шинонда шаванд.
«Ҷашни Истиқлоли давлатӣ – воқеан ҳам ҷашни созандагиву ободкориҳо ва амалигардии ташаббусҳои неку самимӣ дар кишвар мебошад. Давлату Ҳукумат ба мардуми Тоҷикистон тамоми шароити заруриро фароҳам меоранд» – таъкид намуд Равшан Раҳимзода.
Сокинон низ аз иқдоми гирифтаи масъулин изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷуҳи хосса арзи сипос карданд.
Маркази матбуоти МИҲД-и ноҳияи Айнӣ
и ещё 17
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

49

Back to top button