Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, ки ҳамасола 26 апрел дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки роҳбарият, собиқадорон, бартарафкунандагони садама ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо доир шуда, ҳадафи он арҷгузорӣ ба ҷасорату фидокориҳои иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ва дастгирии иҷтимоии онҳо арзёбӣ гардид.
Нахуст, муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода баромад намуда, ҳозиринро аз номи Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба ин санаи муҳим табрик гуфт. Зикр гардид, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил ҳаргиз фаромӯш намегардад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ ҷиҳати дастгирӣ ва қадршиносии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҳамзамон, хотираи неки онҳое, ки дар рафти бартарафсозии оқибатҳои ин фоҷиа ҷони худро аз даст додаанд, бо эҳтироми хос гиромӣ дошта мешавад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки аз ин фалокат зарар дидаанд, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд” заминаи мусоид фароҳам оварда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла хизматрасонии тиббии ройгон, табобати санаторию курортӣ, сабукиҳои андозӣ ва дигар кафолатҳои иҷтимоиро таъмин намудааст.
Дар идома, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” дар ноҳия Салим Алимов баромад намуда, иттилоъ дод, ки аз ноҳияи Айнӣ 17 нафар ҷавонмардон дар бартарафсозии оқибатҳои ин фоҷиаи аср иштирок намудаанд. Мутаассифона, 4 нафари онҳо бар асари таъсири радиатсия фавтида, имрӯз 13 нафари дигар дар доираи ташкилоти мазкур фаъолият доранд.
Сипас, ба аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти маҳаллӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Абдушукур Хокирозода зимни баромади худ таъкид намуд, ки санаи 26 апрели соли 1986 яке аз саҳифаҳои фоҷиабори таърихи инсоният ба ҳисоб меравад. Ӯ зикр кард, ки гарчанде аз ин ҳодисаи мудҳиш солҳои зиёд гузашта бошад ҳам, таъсири манфии он то ҳол дар ҳаёти иштирокчиёни бартарафсозии садама эҳсос мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонмардони тоҷик бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар рафъи оқибатҳои ин фалокат саҳми арзанда гузошта, намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷасоратро нишон доданд. Хотираи неки онҳо ҳамеша дар қалби мардум зинда хоҳад монд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил дар ноҳия бо сипосномаву мукофотҳои Раиси ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 18
Посмотреть статистику
Охват публикации: 4 299

75

8

4

Leave a Reply

Back to top button