
Дар доираи сиёсати созандагӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди тарзи ҳаёти солим, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои бунёд ва рушди инфрасохтори варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Рарз боздид ба амал овард. Зимни ин сафар Раиси ноҳия аз деҳаҳои Шаватки Боло, Рарз ва Фатмев дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид.
Дар деҳаи Шаватки Боло, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, сохтмони майдончаи варзишӣ ба марҳилаи анҷомёбӣ расида, айни замон корҳои ниҳоӣ идома доранд. Иншооти мазкур барои хонандагон ва ҷавонон имконияти васеъ фароҳам меорад, то ба варзиш машғул шуда, саломатии худро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Рарз низ бунёди майдончаи варзишӣ бо суръати баланд идома дошта, то имрӯз тақрибан 50 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Ин майдонча низ бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Дар деҳаи Фатмев бошад, бунёди як адад майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба нақша гирифта шуда, зимни боздиди Раиси ноҳия ҷойи сохтмони он муайян карда шуд. Ин иқдом ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ мусоидат менамояд.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо сокинон ва фаъолони ҷамоат таъкид намуд, ки рушди инфрасохтори варзишӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, барои тарбияи насли солиму фаъол заминаи мусоид фароҳам меорад. Ӯ афзуд, ки бунёди чунин майдончаҳо на танҳо барои машқу тамрини варзишгарон, балки барои ташкили вақтхушии солими ҷавонон ва пешгирии амалҳои номатлуб аҳамияти калон дорад.
Қайд гардид, ки майдончаҳои варзишии бунёдшаванда мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта шуда, дар онҳо имконият барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол ва дигар машқҳои ҷисмонӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин, онҳо бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Дар фарҷом, Раиси ноҳияи Айнӣ ба фаъолони ҷамоат ва шахсони масъул ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлатҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 9
Смотреть статистику
95
8










