Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ боз як сехи истеҳсоли хишти сементӣ ба фаъолият шурӯъ кард

Дар ноҳияи Айнӣ ба рушди бахши истеҳсолӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин замина иқдомҳои нав ба нав амалӣ карда мешаванд. Дар ҳамин раванд, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шамтуч, мавзеи Фурудгоҳ, сехи нави истеҳсоли хишти сементӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз фаъолияти ин коргоҳи навбунёд боздид намуда, бо раванди истеҳсолот ва шароити корӣ аз наздик шинос гардид. Зимни боздид зикр гардид, ки сех аз ҷониби сокини деҳаи Вешаб, соҳибкор Некбахт Норов таъсис дода шуда, айни ҳол дар як шабонарӯз аз 200 то 250 дона хишти сементӣ истеҳсол менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввал се нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар назар аст, ки бо афзоиши иқтидори истеҳсолӣ то 700 дона хишт дар як шабонарӯз, боз се нафар дигар ба ҷойи кор ҷалб карда шаванд. Ин иқдом ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо оғози мавсими сохтмон дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Шамтуч ва минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ, талабот ба масолеҳи сохтмонӣ, махсусан хишти сементӣ, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Пеш аз ин, сокинон маҷбур буданд, ки масолеҳи заруриро аз маркази ноҳия, дар масофаи зиёда аз 40 километр, бо хароҷоти зиёд дастрас намоянд. Ба фаъолият оғоз намудани сехи мазкур ин мушкилотро бартараф намуда, имконияти дастрасии зуд ва арзон ба масолеҳи сохтмониро фароҳам овард.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ аз ташаббуси соҳибкор изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим доранд. Ҳамзамон, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба соҳибкорон барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳа изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши истеҳсолӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуда, барои фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ талош хоҳад варзид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 4
Смотреть статистику

92

12

8

Leave a Reply

Back to top button