Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ба бунёди боз як бунгоҳи тиббӣ санги асос гузошта шуд

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Дашти Варз, маркази ноҳия, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Муҳаммад Қулмаҳмедов дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ноҳия сохтмони бунгоҳи нави тиббӣ ба нақша гирифта шуда, бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ ба он санги асос гузошта шуд.
Бунгоҳи тиббӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, барои беш аз 100 хоҷагии аҳолии мавзеи Дашти Варз хизматрасонӣ хоҳад кард. Иншоот аз утоқҳои қабули беморон, утоқи табиби оилавӣ, ҳуҷраи муоина ва табобат, утоқи эмгузаронӣ, ҳуҷраи дорухона, инчунин утоқҳои ёрирасон ва хоҷагӣ иборат хоҳад буд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳ, 4 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, барои аҳолӣ шароити мусоиди дастрасӣ ба хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ фароҳам оварда мешавад.
Айни замон сокинони ин мавзеъ барои гирифтани ёрии тиббӣ маҷбуранд ба Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар масофаи тақрибан 5 километр ҷойгир аст, муроҷиат намоянд. Бунёди бунгоҳи нав ин мушкилотро бартараф намуда, сатҳи хизматрасонии тиббиро дар маҳал ба маротиб беҳтар мегардонад.
Сохтмони иншоот бо ҷалби сокинони маҳаллӣ, ки аксаран ба корҳои бинокорӣ машғуланд, ба роҳ монда шуда, бо роҳи ҳашарҳои дастаҷамъона амалӣ карда мешавад. Ин иқдом нишонаи ҳамбастагӣ ва масъулияти иҷтимоии аҳолӣ дар ободонии диёр мебошад. Дар назар аст, ки бунёди бунгоҳи тиббӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳот аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Ӯ инчунин иброз дошт, ки бунёди чунин иншоот дар маҳал ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва таъмини саломатии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Ҳамзамон, Раиси ноҳия ба соҳибкорон ва сокинони фаъол барои саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ изҳори сипос намуда, даъват ба амал овард, ки чунин ташаббусҳои созанда минбаъд низ идома дода шаванд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 5
Смотреть статистику

88

4

8

Leave a Reply

Back to top button