
Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба заҳмати содиқонаи собиқадорони меҳнат ва таваҷҷуҳ ба шароити зиндагии онҳо ҳамеша дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ қарор дорад. Дар ҳамин замина, дидорбинӣ бо ин қишри арзишманди ҷомеа ба як анъанаи неку созанда табдил ёфтааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва тақвияти робита бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Шамтуч як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Зимни ин дидорбинӣ Раиси ноҳия бо шароити зиндагӣ, вазъи иҷтимоӣ ва рӯзгори собиқадорон аз наздик шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод. Таъкид гардид, ки собиқадорони меҳнат ҳамчун неруи таҷрибадору бохирад дар рушди ҷомеа нақши муҳим дошта, саҳми онҳо дар бунёду ободии диёр, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тарбияи насли ҷавон бениҳоят арзишманд мебошад.
Қайд карда шуд, ки маҳз заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти пурмаҳсули ин шахсони барӯманд заминаи устувори рушди минбаъдаи ноҳия ва кишварро фароҳам овардааст. Онҳо дар давраҳои гуногун дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, сохтмон ва дигар бахшҳо фаъолияти пурсамар дошта, дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта саҳми назаррас гузоштаанд.
Раиси ноҳия ба ҳар яки собиқадорон барои хизматҳои шоиста ва садоқатмандонаашон ба Ватан изҳори сипосу миннатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонида, зикр намуд, ки таҷрибаи ғанӣ ва маслиҳатҳои онҳо барои насли ҷавон мактаби бузурги ҳаёт ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки мақомоти маҳаллӣ минбаъд низ ба беҳтар намудани шароити зиндагии собиқадорон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот собиқадорони меҳнат низ аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пешрафту шукуфоии Ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дуои нек намуданд. Онҳо омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ изҳор доштанд.
Дар фарҷоми дидорбинӣ ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва умри дароз орзу карда шуд.
Чунин иқдомҳои нек ба таҳкими эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, гиромидошти заҳмати гузаштагон ва тақвияти робитаи наслҳо мусоидат намуда, барои рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3
Смотреть статистику
72
1
2










