Хабарҳои руз

Идомаи ободкориҳо дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ

Дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлат ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, бо маром идома доранд. Сафари кории Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба ин деҳа бо мулоқоту суҳбатҳои судманд бо сокинон ва фаъолон ҷараён гирифта, масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар доираи нақшаи ободонӣ бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ пешбинӣ шудааст, ки масоҳати он 12 сотихро ташкил медиҳад. Ин иншооти муҳим бояд то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад. Боғ барои фароғати сокинон, хусусан ҷавонон, шароити мусоид фароҳам меорад ва ба рушди фарҳангиву иҷтимоии деҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳамзамон, дар назди боғ хонаи фарҳанг мавҷуд аст, ки соли 1973 бунёд гардида, солҳои зиёд ба аҳолӣ хизмат кардааст. Айни замон он ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳмгузории сокинону саховатмандон корҳои таъмиру таҷдиди он ба нақша гирифта шудаанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ беҳтар гардад.
Дар баробари ин, сохтмони иншооти дигар низ идома дорад. Аз ҷумла, дар деҳа бо саҳми аҳолӣ тӯйхона бо андозаи 34 ба 17 метр бунёд шуда истодааст. Инчунин, майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ сохта мешаванд. Майдонча бо андозаи 42 ба 20 метр барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим пешбинӣ гардидааст.
Зимни мулоқот Раиси ноҳия ба сокинон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро расонида, онҳоро ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлол даъват намуд. Таъкид гардид, ки танҳо тавассути муттаҳидӣ, ваҳдат ва ҳамкории зич метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва ҷашни умумимиллиро бо натиҷаҳои арзанда истиқбол гирифт.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла танзими анъана ва пешгирии зиёдаравӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷаста, аз ҷумла орифи бузург Шамси Табрезӣ ва дигар шахсони барӯманди деҳа, бояд дар меҳвари тарбияи маънавии ҷомеа қарор гирад.
Дар маҷмӯъ, сафари корӣ бо фарогирии як қатор иншооти муҳим, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон анҷом ёфта, барои таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо ба рушди устувори деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15
Смотреть статистику

116

2

21

Leave a Reply

Back to top button