
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва раванди корҳои ободонӣ ба деҳаи Каздон сафари корӣ анҷом дод. Зимни боздид ӯ аз як қатор иншооти муҳими деҳа дидан намуда, бо сокинону фаъолон мулоқоти судманд баргузор кард.
Дар оғози сафар раиси ноҳия аз китобхонаи деҳа дидан карда, бо фаъолияти он шинос шуд. Таъкид гардид, ки рушди фарҳанг ва китобхонӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани маърифати ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамзамон масъалаи бунёди Қасри фарҳанг дар ҷойи клуби кӯҳнаи деҳа баррасӣ гардида, барои таҳияи нақшаи муосир дастуру супоришҳо дода шуданд.
Сипас мулоқот бо фаъолони деҳаи Каздон баргузор шуд. Дар рафти вохӯрӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон расонида шуданд. Зикр гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд бояд аз ободонии хонаи худ оғоз намояд. Қайд карда шуд, ки дар давоми 35 соли истиқлолият дар кишвар зиёда аз 35 ҳазор иншооти муҳим сохта ба истифода дода шудаанд, ки нишондиҳандаи пешрафти устувори мамлакат мебошад.
Ҳамчунин масъалаҳои киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва кабудизоркунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинони деҳа изҳор доштанд, ки онҳо сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ободонии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси ноҳия аз муассисаи томактабии «Дурахшон» дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар боғча 55 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассиса аз 3 гурӯҳ иборат буда, имконияти қабули то 70 кӯдакро дорад. Таъкид гардид, ки шароити муассиса ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, барои рушди зеҳнии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин раиси ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, бо сокинон якҷо дарахтон шинонд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2026 дар деҳаи Каздон наздики 10 ҳазор ниҳол шинонида шуд, ки ба беҳдошти муҳити зист ва зебогии деҳа мусоидат менамояд.
Сафари кории раиси ноҳия нишон дод, ки сокинони деҳаи Каздон дар самти ободонӣ, рушди иҷтимоӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ фаъолона саҳмгузор буда, барои пешрафти минбаъдаи маҳал талош доранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ










