
Дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва таълиму тарбияи насли наврас иқдомҳои муҳим амалӣ мегарданд. Дар ин замина, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо фаъолон ва сокинони деҳа дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шаванд. Аз ҷумла, дар деҳа ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона ва бунёди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази деҳаи Дарғ ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдомҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, сокини фаъоли деҳа Маҳмадқул Боев бо саҳми шахсии худ ба корҳои ободонӣ пайваста, аллакай 1 километр роҳи байнидеҳаро бетонпӯш намуда истодааст. Инчунин, дар баъзе қитъаҳо корҳои сафолакпӯшкунӣ низ анҷом дода мешаванд, ки ба беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Яке аз масъалаҳои муҳими баррасишуда бунёд ва навсозии муассисаи томактабӣ дар деҳаи Дарғ мебошад. Қарор аст дар бинои кӯҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо мутобиқсозӣ ба талаботи замони муосир 4 синфхона барои 120 нафар кӯдак ташкил карда шавад. Раиси ноҳия ба сохтмончиёну таъмиргарон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки шароити муассиса бояд ҷавобгӯи меъёрҳои муосири таълиму тарбия бошад.
Қобили зикр аст, ки дар деҳаи Дарғ тибқи анъана, хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҳар сол барои ободонии деҳа саҳм мегузоранд. Онҳо бо дарназардошти ниёзҳои маҳаллӣ як иншоот ё ташаббуси муҳимеро амалӣ мекунанд. Айни ҳол, гурӯҳе аз ҷавонон тасмим гирифтаанд, ки дар маркази деҳа майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бунёд намоянд. Ин иқдом на танҳо ба ободонии деҳа, балки ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни насли наврас мусоидат мекунад.
Бо иштироки Раиси ноҳия макони сохтмони майдони нишон муайян карда шуда, таъкид гардид, ки ҳамаи корҳои ободонӣ, аз ҷумла навсозии муассисаи томактабӣ, бояд бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтару босифат барои насли наврас анҷом дода шаванд.
Дар маҷмӯъ, тадбирҳои андешидашуда дар деҳаи Дарғ ба рушди иҷтимоӣ, беҳтар гардидани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон равона гардида, заминаи устувор барои тарбияи насли солиму донишманд фароҳам меоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 20
Смотреть статистику
134
3
26










