Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз ҳавзҳои моҳипарварӣ ва боғҳои навбунёди деҳаи Дарғ

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҳавзҳои моҳипарварӣ ва боғҳои навбунёди деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч боздид ба амал овард.
Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ, иттилоъ дода шуд, ки дар деҳа бунёди боғҳои нав вусъати тоза гирифтааст. Аз ҷумла, дар мавзеи Дарғ дар майдони 60 сотих боғи нав таъсис дода шуда, ҳамчунин хоҷагии деҳқонии шаҳрвандон, аз ҷумла бародарон Машраф ва Ёрмуҳаммад Ёровҳо, дар масоҳати 2 гектар боғи навбунёд ташкил намудаанд. Дар маҷмӯъ, тибқи нақша барои соли 2026 дар деҳа бунёди ду гектар боғи нав пешбинӣ гардида, корҳои амалисозии он бомаром идома доранд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи боғдорӣ барои таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани вазъи иқтисодии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон, ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар деҳа маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дошта, то имрӯз сокинон ва ҷавонон зиёда аз 8 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан шинонидаанд. Ин иқдом дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва сабзгардонии муҳити зист амалӣ гардида, барои беҳтар намудани иқлими маҳаллӣ ва зебоии деҳа мусоидат менамояд.
Дар бахши моҳипарварӣ, Раиси ноҳия аз фаъолияти чор ҳавзи моҳипарварӣ дидан намуда, бо раванди парвариши моҳӣ шинос гардид. Аз ҷумла, соҳибкор Акрамҷон Шарифов дар ин ҳавзҳо парвариши то 20 ҳазор сар моҳии навъи форелро ба роҳ мондааст. Зикр шуд, ки рушди соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои сердаромади иқтисоди деҳот ба ҳисоб рафта, метавонад дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии босифат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим бозад.
Ҳамчунин, дар идомаи сафар, Равшан Раҳимзода аз канали обгузари деҳаи Дарғ, ки бо ташаббуси ҷавонони деҳа бунёд ва навсозӣ шуда истодааст, боздид намуд. Раиси ноҳия ба иқдоми созандаи ҷавонон баҳои баланд дода, онро намунаи хуби ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо бояд дастгирӣ ёфта, барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагӣ замина фароҳам оварда шавад.
Дар маҷмӯъ, қайд гардид, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкорона бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонӣ, сабзгардонӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар деҳаҳои ноҳия, аз ҷумла Дарғ, вусъати тоза касб намудаанд.
Дар фарҷоми боздид, Раиси ноҳия ба масъулин ва фаъолон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки замин, рушди соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 23
Смотреть статистику

134

9

19

Leave a Reply

Back to top button