
Дар доираи тадбирҳои ободониву рушди иҷтимоӣ дар ноҳияи Айнӣ, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз як қатор муассисаҳои иҷтимоии деҳаи Шамтучи Ҷамоати деҳоти Шамтуч боздиди корӣ анҷом дод.
Зимни сафар, Раиси ноҳия аз фаъолияти клуби деҳа, толори варзишӣ, идораи хоҷагии деҳқонии Шамтуч, осорхонаи назди муассисаи таълимӣ ва майдончаи варзишӣ дидан намуда, бо вазъи кунунии онҳо аз наздик шинос гардид. Таъкид шуд, ки биноҳои мазкур дар доираи нақшаҳои ободонӣ таҷдид гардида, марҳила ба марҳила бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолияти ҷавонон, варзишгарон ва аҳли фарҳанг заминаи мусоид мегузорад.
Дар бахши фарҳанг, таъкид гардид, ки эҳёи фаъолияти клубҳо ва осорхонаҳои маҳаллӣ ба рушди маънавият, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Осорхонаи назди муассиса метавонад ба як маркази муҳими омӯзиши таъриху фарҳанги маҳаллӣ табдил ёбад, ки дар он дастовардҳо ва мероси ниёгон муаррифӣ мегарданд.
Дар самти варзиш, азнавсозии толор ва майдончаи варзишӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ба машғулиятҳои солим ҷалб гардида, тарзи ҳаёти фаъолро пеш гиранд. Зикр гардид, ки рушди инфрасохтори варзишӣ яке аз роҳҳои муҳими пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва таҳкими саломатии ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия аз фаъолияти соҳаи маориф низ дидан намуда, иттилоъ дод, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, дар бинои кӯпешинаи он таъсиси муассисаи томактабӣ барои ду гурӯҳ бо фарогирии 40 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Раиси ноҳзия аз он дидан карда, онро ба тарбия фаро гирифтани насли наврас мутобиқ шуморид. Пешбинӣ мегардад, ки ин иқдом дар соли ҷорӣ амалӣ гардида, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Бунёди чунин муассисаҳо дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии ибтидоӣ ва омодасозии кӯдакон ба таҳсил нақши муҳим дорад.
Дар бахши кишоварзӣ, фаъолияти хоҷагии деҳқонии Шамтуч мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба самаранок истифода бурдани замин, ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таъкид шуд. Раиси ноҳия зикр намуд, ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Қайд гардид, ки дар деҳаи Шамтуч бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Аз ҷумла, таъмиру тармими роҳҳои дохилӣ, кабудизоркунӣ, тоза намудани муҳити зист, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори деҳа идома дошта, сокинон бо рӯҳияи баланд дар ин раванд саҳми фаъол мегузоранд.
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони соҳаҳои фарҳанг, маориф, кишоварзӣ, сохтмончиёну меъморон ва дигар фаъолони деҳа, Равшан Раҳимзода дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, истифодаи самараноки захираҳо ва тақвияти ҳисси масъулият дар рушди деҳот нақши калидӣ дорад.
Зикр шуд, ки соли 2026 ҳамчун марҳилаи вусъати корҳои ободонӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи деҳот арзёбӣ гардида, аз ҳар як сокини кишвар масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа тақозо менамояд.
Дар фарҷом, Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи дурусти имкониятҳо ва вусъат бахшидани иқдомҳои ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳори бовар намуд, ки бо талошҳои муштарак деҳаи Шамтуч ба як маҳалли ободу намунавӣ табдил хоҳад ёфт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 22
Смотреть статистику
90
11










