Хабарҳои руз

Рушди обёрӣ дар ноҳияи Айнӣ: боздиди корӣ ва оғози маъракаи картошкашинонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва таъмини обёрии мунтазам, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз пойгоҳҳои обкашии Қарғтӯда-1 ва Қарғтӯда-2, воқеъ дар деҳаи Шамтучи Ҷамоати деҳоти Шамтуч боздиди корӣ анҷом дод.
Зимни боздид маълум гардид, ки пойгоҳи обкашии Қарғтӯда-1 бо баландии 90 метр фаъолият дошта, иқтидори обкашии он дар як сония 200 литрро ташкил медиҳад. Ин пойгоҳ дар таъмини оби полезии заминҳои кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, пойгоҳи обкашии Қарғтӯда-2, ки дорои баландии обкашии 300 метр мебошад, дар як сония то 180 литр об бардошта, барои обёрии зиёда аз 70 гектар заминҳои Дашти Болои Шамтуч хизмат мерасонад. Пойгоҳ бо таҷҳизоти муосири навъи СНС 180×300 муҷаҳҳаз буда, дорои ду системаи обкашӣ ва ду муҳаррики нав мебошад, ки имкониятҳои онро ба маротиб беҳтар намудааст.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳарду пойгоҳи обкашӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, ба ҳолати хуби техникӣ баргардонида шудаанд. Ин иқдом барои беҳтар намудани шароити обёрӣ ва афзоиши ҳосилнокии зироатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи сафар, Раиси ноҳия дар маъракаи картошкашинонӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Шамтуч иштирок намуда, бо деҳқонон суҳбати озод анҷом дод. Тибқи маълумот, дар хоҷагӣ кишти картошка дар майдони 27 гектар, гандуми тирамоҳӣ дар 10 гектар, гандуми баҳорӣ дар 2 гектар ва зироатҳои полезӣ дар 1 гектар ба роҳ монда шудааст.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо деҳқонон ба истифодаи самараноки замин, риояи агротехника, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи тухмии хушсифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қайд карда шуд, ки рушди инфрасохтори обёрӣ ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маҳаллӣ маҳсуб ёфта, чунин тадбирҳо ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button