
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ ба бунёди меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.
Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Зинҳорбек Исрофилов сохта шуда, барои қабули зиёда аз 70 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Дар шафати он ҳавзи шиноварии пӯшида бунёд гардида, барои истифодаи меҳмонон ва сокинони маҳаллӣ хизмат мерасонад. Мавқеи ҷойгиршавии меҳмонхона дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Зикр гардид, ки ноҳияи Айнӣ дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ буда, бо татбиқи чунин лоиҳаҳо табиати нотакрор ва ҳунарҳои мардумии минтақа ба таври шоиста муаррифӣ карда мешаванд.
Дар деҳаи Хушекат майдони хурди варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти варзишӣ бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои машғулияти ҷавонон бунёд гардидааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни ифтитоҳи он аз рушди соҳаи варзиш ва зарурати бунёди иншооти муосир ёдовар шуда, иқдоми сокинонро намунаи ибрат ва татбиқи амалии ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки саҳмгузорӣ дар ободии диёр рисолати ҳар як шаҳрванд буда, корҳои неку созанда номи неки инсонро ҷовидона мегардонад.





и ещё 10










