
Оғози сохтмони бинои баландошёна дар ноҳияи Айнӣ
Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии боғ 1,5 гектарро ташкил дода, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 6,2 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид намуд, ки чунин иншооти фарҳангӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати истироҳату фароғати сокинон аҳамияти калон дорад ва дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд карда хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар шаҳрак сохтмони маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз ёфт. Зимни иштирок дар маросими гузоштани санги асос роҳбари вилоят аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва саҳми арзандаи соҳибкорони ватандӯст дар рушди диёр ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки биноҳои баландошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Дар-дар» бунёд гардида, мутобиқ ба талаботи замон сохта мешаванд. Дар асоси лоиҳа дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, майдончаи бозии кӯдакон ва ҷойи истироҳати калонсолон пешбинӣ шудааст. Инчунин, барои таъмини шароити муносиби зиндагӣ бунёди мактабу кӯдакистон низ дар назар аст.
Бо гузоштани санги асос ба иншооти мазкур расман оғози корҳои сохтмонӣ эълон гардид.
Бознашр аз сомонаи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд





и ещё 4
2










