
Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода коргоҳи истеҳсоли бетон ва коркарди регу шағал ба истифода дода шуд.
Ин иқдоми муҳим дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба рушди соҳаи саноат дар ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.
Коргоҳи мазкур бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Дар-Дар» бунёд шуда, ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонии босифат машғул хоҳад шуд.
Қаблан дар ноҳияи Айнӣ чунин корхона вуҷуд надошт ва барои бунёди иншооти гуногун маҳсулоти бетонӣ аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дастрас карда мешуд. Акнун бо ба истифода додани коргоҳи нав, ин мушкил бартараф гардида, имконияти таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ беҳтар шудааст.
Ҳамзамон, фаъолияти коргоҳ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ замина фароҳам меорад.
Зимни суҳбат бо масъулину кормандони ҷамъият Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ татбиқи чунин иқдомҳои созанда аҳамияти махсус дорад. Зикр гардид, ки бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ барои пешбурди корҳои сохтмонӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ нақши муҳим мебозад.
Роҳбари вилоят инчунин, сокинонро ба саҳмгузории фаъол дар ободонии диёр, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки танҳо бо заҳмати якҷоя метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.
Бознашр аз сомонаи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд





и ещё 4
2










