
Дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, дар ин замина бунёди иншооти таъиноти гуногун идома дорад.
Зимни сафари корӣ ба ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб бо раванди корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» бунёди беморхонаи минтақавӣ идома дорад.
Беморхонаи мазкур барои 20 кат пешбинӣ гардида, аз 6 шуъба иборат мебошад, ки барои ташхису табобати босифати беморон шароити мусоид фароҳам меорад. Барои сохтмони ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, баъди ба истифода додан он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ пурра таъмин хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аҳамияти бунёди чунин иншоотро дар деҳоти дурдаст таъкид намуда, онро омили муҳим дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Такфон баъди навсозӣ ба як муассисаи замонавӣ табдил ёфтааст. Роҳбари вилоят ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, масъулини соҳаи маорифро вазифадор намуд, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд. Қобили зикр аст, ки муассиса дорои низоми мустақили гармидиҳӣ буда, аз панелҳои офтобӣ низ самаранок истифода мебарад.
Дар идомаи сафари корӣ ба деҳаи Такфон Раиси вилоят аз муассисаи таҳсилоти томактабии навбунёд дидан намуд. Ин кӯдакистон бо иқдоми ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» бунёд гардида, барои 120 нафар кӯдак шароити муосири таълиму тарбия фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо дар рушди соҳаи маориф ва фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ аҳамияти калон доранд. Супориш дода шуд, ки дар дигар деҳоти дурдасти ноҳия низ бунёди чунин муассисаҳо ба роҳ монда шавад.
Сокинони деҳаи Такфон саҳмгузориро дар корҳои ободониву созандагӣ рисолати шаҳрвандии худ дониста, барои истиқболи шоистаи ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Айни ҳол дар деҳа корҳои ободонӣ дар чандин иншооти дигар низ идома дорад.
Ҳамзамон, дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бо саҳми ҶДММ «Фон-Яғноб» бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бунёд гардида, барои хонандагон шароити муносиби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии мактаб, майдони Парчами давлатӣ ва майдончаи варзишӣ изҳор дошт, ки дастгириҳои пайвастаи давлат боис ба рушди корхонаҳои саноатӣ гардида, онҳо дар навбати худ дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки масъулин бояд иншооти бунёдшавандаро дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди истифода қарор диҳанд.
Бознашр аз сомонаи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд





и ещё 10
8
4










